Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷаи Аврупо ҷаласаи изтирорӣ барпо мекунанд


Вазирони корҳои хориҷии 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 25-уми феврал барои ширкат дар як ҷаласаи изтирории вобаста ба ҳуҷуми Русия ба Украина ҷамъ мешаванд. Ҷаласа соати 15:00 ба вақти Брюссел шурӯъ мешавад ва дар ҷараёни он кӯмакҳои бештар ба Украина ва тарзи бархӯрд бо Русия баррасӣ хоҳад шуд. Ин ҷаласа дар ҳоле даъват шудааст, ки рӯзи 24 феврал раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба таҳмили таҳримҳои нав дар бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиёти Русия ва ҳам маҳдудият дар содироту маблағгузорӣ розӣ шуданд. Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо ин қарорро баёнгари муттаҳидии Иттиҳоди Аврупо номид. Вале президенти Украина Владимир Зеленский аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки барои ҳуҷуми Русия ба хоки Украина таҳримҳои сахттаре ҷорӣ кунанд, чун ин ниҳод, ба бовари ӯ, аз чораҳои сангинтар худдорӣ кард.

Зеленский баъди сӯҳбат бо вон дер Лейен дар Твиттераш навишт, ки “на ҳамаи таҳримҳои имконпазири шадид ба кор рафт. Фишор болои Русия бояд афзоиш ёбад”. Рӯзи 25 феврал Зеленский дар як паёми видеоиаш гуфт, таҳримҳои эъмолшуда “бедандон” ҳастанд. Ӯ гуфт: “Оё таҳримҳои дирӯза Русияро мутақоид карданд? Мо дар осмону замини худ дидем, ки ин кофӣ нест”.

Украина бисёр мехост, ки Русия аз низоми бонкии SWIFT, ки як барномаи интиқолҳои пулии муҳими байналмилалӣ ба шумор меравад, берун карда шавад. Ба тарафдории таҳрими SWIFT инчунин кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳам садо баланд карданд. Нахуствазиири Нидерланди Марк Рютте гуфт, ки “чанд кишвар, бо сабаби ин ки паёмадҳои ин қарор барои онҳо ҳам сангин хоҳад шуд, аз ин тасмим пуштибонӣ накарданд”. Рютте гуфт, ки ин чораи охирин хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG