Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дариға Назарбоева курсии узви парлумони Қазоқистонро тарк кард


Дариға Назарбоева, духтари калонии президент замоне як довталаби эҳтимолии курсии президентӣ дар Қазоқистон номида мешуд

Духтари калонии президенти собиқи Қазоқистон, Дариға Назарбоеваи замоне бонуфуз эълон кард, ки мақомашро дар парлумон тарк мекунад. Ин яке дигар аз тасмимҳоест, ки аз кам шудани қудрати оилаи Назарбоевҳо дар ҳукумати ин кишвари ғанӣ аз нафт баъди беназмиҳои моҳи январи имсол дарак медиҳад. Дар изҳороте, ки Назарбоева рӯзи 25-уми феврал нашр кард, гуфтааст, “акнун мехоҳам сари масоили иҷтимоӣ, башарӣ, фарҳангӣ ва хайркорӣ тамаркуз кунам”. Ӯ ҳеҷ шарҳи дигаре надода, вале навиштааст, ки хушунатҳое, ки моҳи январ дар паи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ сар заду боиси кушта шудани 227 нафар гардид, бояд “ҳамаҷониба таҳқиқ шавад”. Назарбоева баъди ҳодисаҳои моҳи январ дар мазҳари ом дида нашуд. Мушовиронаш гуфтанд, ки давраи эҳёшавӣ баъди коронавирусро пуштисар мекунад.

Назарбоев марти соли 2019 аз курсии президентӣ канор рафт, вале бисёр хешовандонаш, ки дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ, сохторҳои қудратӣ ва ширкатҳои энержӣ кор мекарданд, мақомҳои худро ҳифз карданд. Ҳамакнун баъди ҳодисаҳои моҳи январ бисёрашон барканор мешаванд.

Инчунин бо як қарори президент Қосимҷомарт Тоқаев, вазири умури дохилии ин кишвар Ерлан Туғимбоев, ки барои хушунат ва бераҳмиҳои ходимони полис дар саркӯби эътирозҳо интиқод мешуд, аз мақомаш барканор шуд.

Ҳафтаи ҷорӣ додситони кулли Қазоқистон Ризобек Ожаров гуфт, ки дар робита бо марги шаш боздоштшуда баъди ошӯбҳои моҳи январ аз рӯи моддаи “истифодаи шеваи ғайриқонунии бозпурсӣ” таҳқиқ шурӯъ шудааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомоти Қазоқистон тақозо карданд, ки истифодаи силоҳ барои пароканда кардани эътирозгарони моҳи январ ва ҳам шикоятҳо аз шиканҷаи боздоштшудаҳоро мӯшикофона таҳқиқ кунанд. Ин гурӯҳҳо мегӯянд, ки шумори воқеии кушташудаҳо метавонад ба маротиб бештар бошад. Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон тақозо кард, ки ҳодисаҳои оғози солро як тими мустақилу бетараф бо ширкати мутахассисони байналмилалӣ таҳқиқ карда, ҳар як ҳолати куштор, боздошти худсарона ва шиканҷаро бисанҷанд.

XS
SM
MD
LG