Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи 9 кило тило. Як маъмури гумрук барканор ва ду кас дастгир шудаанд


Акс аз бойгонӣ

Як мақоми баландпояи Идораи гумрук дар Фурудгоҳи Душанбе аз мансаб барканор шуда, нисбат ба ду маъмури дигар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Манобеъ қазияи онҳоро ба боздошти молики фурӯшгоҳи "Ҷило" бо гумони қочоқи тило рабт медиҳанд.

Пӯлод Шарифов, сардори дидбонгоҳи гумрукӣ дар Фурудгоҳи Душанбе, барои "хунукназарӣ дар кор" аз мақом ронда шудааст. Худи ӯ рӯзи 23-юми феврал иддао кард, ки ихтиёрӣ аз кор рафт. Парвандаи ду корманди дигари фурудгоҳ аз ҷониби додситонии нақлиёт тафтиш мешавад.

Мақомот пештар хабар дода буданд, ки Гулнора Турсунбоева, молики фурӯшгоҳи "Ҷило"-ро 24-уми январи имсол, "ҳангоми овардани беш аз 9 кило маҳсулоти заргарӣ аз Туркия" дастгир карданд.

Он замон худи ӯ ва Ашраф Назримадов, сардори дидбонгоҳи мусофирони Хадамот дар фурудгоҳ боздошт шуда буданд. Мақомот гуфтанд, Турсунбоева ниме аз тилоҳои овардаашро сабт накарда буд ва аз ин роҳ мехост, аз пардохтҳои гумрукӣ халос шавад. Ӯ, вакили мудофеъ ё наздиконаш вокуниш накардаанд.

Пӯлод Шарифов, сардори собиқи дидбонгоҳи гумрукӣ дар Фурудгоҳи Душанбе, рӯзи 23-юми феврал гуфт, ӯро аз кор барканор накардаанд, балки худаш аз вазифа рафт. Вай гуфт, рафтани ӯ аз мансаб ба кочоқи тило пайванд надорад. "Ман чор сол дар ин вазифа кор кардам ва бо ихтиёри худ рафтам. Рафтани ман ба ҳодиса дахл надорад," -- гуфт ӯ.

Як манбаъ дар Додситонии нақлиёт рӯзи 23-юми феврал гуфт: "Ҳанӯз тафтиши парванда ба анҷом нарасидааст, вале далелҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки онҳо борҳо ба кочоқ роҳ додаанд. Сардори дидбонгоҳи гумрукӣ дар хатти Фурудгоҳ аз вазифа озод шудааст."

Дар аввали моҳи феврал Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ошкор шудани кочоқи тило аз ҷониби маъмурони амниятиро дар фурудгоҳ тасдиқ карда буд. Он замон ӯ иқрор шуда буд, ки дар бораи ин парванда маълумоти зиёд надорад, чун аз тарафи КДАМ таҳқиқ мешавад.

Назари шахсони боздоштушда ва наздиконашон маълум нест.

Соли гузашта се корманди Хадамоти гумрук бо гумони даст доштан дар кочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи апрели соли гузашта нӯҳ нафар, аз ҷумла се маъмури гумрукро ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид карда буданд, ки кормандони мақомот бо содир кардани ҷинояти бузург ҷазои сабук мегиранд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG