Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон дар бораи бӯҳрони Украина ибрози назар кард


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, дар бораи вазъ дар шарқи Украина ибрози назар кард. Вай рӯзи 22-юми феврал дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, ки "бо нигаронии амиқ ва изтироб" вазъи атрофи Донбассро пайгирӣ мекунад.

Ҷабборов илова кард, ки "Қирғизистон пайваста ҷонибдорӣ риоя шудани созишномаи Минск буд".

"Мутассифона, иҷро нашудани шартҳои созишнома боиси сар задани вазъи кунунӣ шуд", - навишт Ҷабборов. Вай ҳамзамон илова кардааст, ки "бовар дорад, вазъи кунунӣ бояд бо роҳҳои осоиштаи дипломатӣ ва пушти мизи гуфтушунид, бидуни рехтани хуни одамон ҳал шавад".

Шаби 21 ба 22-юми феврал президенти Русия Владимир Путин нахуст эълом кард, ки Русия истиқлоли давлатҳои худхондаи Луҳанск ва Донетскро дар шарқи Украина эътироф кард ва баъдтар гуфт, ки Русия ба ин минтақа нерӯ мефиристад. Дабири кулли СММ ва кишварҳои Ғарб ин иқдоми Маскавро маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG