Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дар робита ба боздошти шаҳрвандонаш ба Қазоқистон нота фиристод


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Сафорати Узбекистон дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар робита ба ҳабси шаҳрвандони Узбекистон, баъди ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ, нота ирсол кард. Дар ин бора Юсуф Кобулҷонов, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъ дод.

Дар нота дархост шудааст, ки дар бораи боздошти шаҳрвандони Узбекистон, макони ҷойгиршавии онҳо ва сабаби боздошташон хабар дода шавад. Ҷониби Узбекистон ҳамчунин хостааст, бо боздоштшудаҳо мулоқот ташкил шавад.

"Сафорат ва консулгарии Узбекистон дар Қазоқистон ба таври доимӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар робита ҳастанд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Элвира Азимова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ахиран хабар дод, ки баъди бетартибиҳои моҳи январ дар Қазоқистон 18 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 14 узбекистонӣ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG