Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Сангинов: "Беҳтарин лаҳзаи ҳаётам соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон буд". ВИДЕО, САДО


Ҷумъабой Сангинов, шаҳри Душанбе, 21-уми феврали 2022

Ҷумъабой Сангинов, пизишк, муовини пешини раиси Суғд ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки 22-юми феврал ба синни 70 расид, баъзе аз ҷузъиёти зиндагиву кори худ ва музокироти марзӣ бо Қирғизистонро ошкор кард. Ҳамзамон гуфт, ки имрӯзҳо саргарми чӣ кор аст.

​"Аксар шахсоне, ки ба синни нафақа мерасанд, бо ин муаммо рӯбарӯ ҳастанд, ки ба чӣ кор машғул хоҳанд шуд. Барои ман муаммое вуҷуд надошт. Ҳам кори пизишкӣ мекунам, ҳам ба илм машғул ҳастам. Имрӯзҳо ба ҳайси профессори кафедраи саратоншиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият дорам," -- нақл кард ӯ.

Радиои Озодӣ: Аз 70 соли гузаштаи умр розӣ ҳастед? Ҳолатҳое буданд, ки аз он афсӯс мехӯред?

Фарҳанги сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҳам хеле фарқ дорад. Агар дар Қирғизистон баъди музокирот ҳар нафар метавонад, ба худ иҷоза диҳад, ки бо кадом сохторе ё воситаи ахбор гуфтугӯ кунад, фарҳанги сиёсии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи муайян дорад.

Ҷумъабой Сангинов: "Роҳи тайкардаи ман низ аз рангҳои гуногун иборатанд. Сафед, шаффоф, пешравиҳо, нокомиҳо ва мушкилҳо. Баъзе корҳое буданд, ки ба мисли инсонҳои дигар аз иҷрояшон афсӯс мехӯрам. Вале дар умум аз гузашти солҳо ва аз зиндагиям хеле қаноатмандам."

Радиои Озодӣ: Бештар аз кадом кори кардаатон афсӯс мехӯред?

Ҷумъабой Сангинов: "Пас аз хатми Донишкадаи тиббии Тоҷикистон бисёр мехостам, ки барои идомаи таҳсил ба аспирантура ба Маскав равам. Вале номи худро дар рӯйхат наёфтам. Хеле дар ғазаб шудам. Ва ин боис шуд, ки идомаи таҳсилро дар Душанбе гузошта, ба деҳа баргардам. Бо ин гуиё ҷавоби сазовор додам, вале бо гузашти замон фаҳмидам, ки қадами хеле бемаврид буд. Дар ҳама кор бояд таҳаммул дошт. Аз ин амали худ борҳо афсӯс мехурам."

Баҳси Тоҷикистону Қирғизистон: Роҳи ҳал кадом аст?

Радиои Озодӣ: Шумо таҷрибаи иштирок дар музокироти марзӣ бо Қирғизистонро доред. Чаро масъалаи сарҳад бо ин ҳамсоя то ин ҳад печида шуд?

Ҷумъабой Сангинов: "Масъалаи хеле ҳассосро ба ёдам овардед. Музокирот байни ду давлат аз соли 2001 баргузор мешавад. Ман соли 2011 ба ҷараёни гуфтушунидҳо пайвастам. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар замони Шӯравӣ бахши муайяни марзи Тоҷикистонро бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла баъзе омилҳои объективӣ ва субъективии вобаста ба мавқеъгирии роҳбарони он даврон, ба истифодаи кишвари ҳамсоя додаанд. Инчунин, аз рӯйи фориғболӣ ва самимияти аз ҳад зиёди мардуми мо. Аз куҷо гумон доштем, ки ҳамсоя дар паҳлӯи мо хона месозад ва имрӯз даъво мекунад, ки "ин замини ту нест, аз мост". Ягона ҳуҷҷати қонуние, ки қаламрави ин ду давлатро муайян мекунад, тақсимбандии милливу ҳудудии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки солҳои 1924-1927 қабул шудааст. Дигар ягон санаде, ки имрӯз битавонад ин баҳсро поён диҳад ва адолати марзию маъмуриро дар байни ду давлат барқарор кунад, вуҷуд надорад."

Гуфтугӯ бо Ҷумъабой Сангинов. Аз баҳси марзӣ то порлумони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:29 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Гуфтаниед, пойфишории тарафи дигар барои эътироф накардани чунин санад масъаларо печида кардааст?

Ҷумъабой Сангинов: "Мутаассифона, тарафи Қирғизистон намехоҳад бо он меъёрҳое, ки дар ин санади қонунӣ муайян шудаанд, муросо кунад. Бо ҳазор баҳона музокиротро тӯл медиҳанд. Яке аз сабабҳои ҳал нашудани масъала ба низоми ноустувори давлатдории ҳамсояи мо вобастагии хеле зич дорад. Умед дорем, ин низом дар давраҳои наздик устувор мешавад ва масъала ҳалли худро меёбад."

Радиои Озодӣ: Низоми ноустувор гуфта чиро дар назар доред?

Ҷумъабой Сангинов: "Низоми давлатдории кишвари ҳамсояро дар назар дорам, ки барои ҳамагон маълум аст."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Ҷумъабой Сангинов дар бораи 70 соли умр, Ворух ва порлумон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:49 0:00

Радиои Озодӣ: Яъне, танҳо роҳи ҳалли масъаларо дар ҳамин мебинед? Ё шояд барои зудтар ҳал шудани қазия пешниҳоди дигаре доред?

Ҷумъабой Сангинов: "Медонам, ки ҳақиқат тарафи мост, вале таҳаммул кардан ва зина ба зина расидан ба ҳалле, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллист, мақсади асосии мо аст. Барои ҳамин, шахсан гуфта наметавонам, ки масъала дар кадом марҳила ҳал мешавад. Лекин дар ин ҷо ба як нукта бояд ишора кунам. Ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳатто каме гузашт кардан барои ба даст овардани масъалаи бештару муҳимтар нишонаи хеле муҳими дипломатияи ин ё он кишвар ба ҳисоб меравад. Яке аз имкониятҳое, ки дар ҳалли масъала вуҷуд дорад, гузашти тарафҳо, вале бо назардошти манофеи миллии Тоҷикистон аст."

Радиои Озодӣ: Баҳси ба иҷора додани заминҳои Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳам дар миён аст. Ба фикри Шумо, чӣ қадар аз заминҳо ба иҷора дода шудаанд?

Ҷумъабой Сангинов: "Бахши муайяни заминҳое, ки имрӯз Қирғизистон сари он даъво дорад, дар марҳилаҳои гуногун, аз соли 1936 инҷониб, ба иҷора дода шудаанд. Дар бахши дигар, тавре ишора кардам, аз самимияти мо истифода бурда, шаҳрвандони Қирғизистон биноҳои истиқомативу кишту кор карданд. Далелҳои муҳим дар дасти мақомоти марбута вуҷуд дорад. Ин чиз хеле дақиқ аз сӯи комиссияи Тоҷикистон ба комиссияи Қирғизистон пешниҳод шудааст."

Ворух. Чаро тарафи Тоҷикистон сукут мекунад?

Радиои Озодӣ: Оё Ворух, то ҷое медонед, анклав ё ҷазирақаламрав аст?

Ҷумъабой Сангинов: "Мо даҳҳо санади муҳими расмӣ дорем, ки дар ягон замон Ворух анклав набуд. Баъд аз соли 1974 баъзе мушкилиҳо дар муносибати ду кишвар пайдо шуданд. Қирғизистон соли 1989 яктарафа баъзе меъёрҳоро дар Шӯрои олии худ муҳокима карда, Ворухро гуё анклав дар қаламрави худ донист. Вале мо харитаҳои бисёр муҳиму ҷиддӣ дорем, ки Ворух дар ягон замон анклав набуд."

Лаҳзаи мусоҳиба бо Ҷумъабой Сангинов
Лаҳзаи мусоҳиба бо Ҷумъабой Сангинов

Радиои Озодӣ: Чаро дар масъалаи марз мансабдорони тарафи Қирғизистон ҳамеша ошкоро суҳбат мекунанд, аммо тарафи Тоҷикистон умдатан сукут меварзад?

Ҷумъабой Сангинов: "Дар ягон маврид дар гуфтушунидҳо надидаам, ки тарафи Қирғизистон хеле фаъол ва ҷониби Тоҷикистон сукут варзида бошад. Вале мо ҳамавақт бо таҳаммул, вале хеле қотеъ далелҳои худро барои тарафи дигар исбот мекунем. Ин ҷо як мушкили дигаре вуҷуд дорад, ки барои нуктаи назари Шумо асос шудааст. Фарҳанги сиёсии Тоҷикистону фарҳанги сиёсии Қирғизистон аз ҳам хеле фарқ дорад. Ҳамчунон, ки низоми сиёсии мо аз низоми сиёсии Қирғизистон. Агар дар Қирғизистон баъди музокирот ҳар нафар метавонад, ба худ иҷоза диҳад, ки бо кадом сохторе ё воситаи ахбор гуфтугӯ кунад, фарҳанги сиёсии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи муайян дорад. Аз ин лиҳоз, баъзеҳо ба чунин андешаанд, ки гуё мо дар он ҷо сукут мекунем ё фаъол нестем. Дар асл ин тавр нест."

Радиои Озодӣ: Вале расонаҳои Қирғизистон ҳамеша маълумоти расмиро дар мавриди баҳсҳои марзӣ барвақттар аз мо дастрас мекунанд ва коршиносон низ борҳо таъкид кардаанд, ки мақомоти тоҷик фаъол нестанд...

Ҷумъабой Сангинов: "Ташвиши Шуморо ман ҳам тарафдорӣ мекунам. Музокироти охирини ҳайатҳо барои низои моҳи январ ва шарҳи расмии комиссияи ҳукуматии тарафи Тоҷикистон барои воситаҳои ахбори оми ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон нишони он аст, ки ҳамин раванд аллакай такмил ёфтааст ва мушкил аз байн меравад."

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз низоъҳои хунин дар марз
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз низоъҳои хунин дар марз

Радиои Озодӣ Аз ҷараёни музокираҳо бештар кадом ҷониб дар ташвиш аст?

Ҷумъабой Сангинов: "Ман рӯйирост мегӯям, ки раванди музокирот бештар боиси ташвиши тарафи Қирғизистон аст. Мо далелҳои қонунӣ дорем. Ҳамсоя, мутаассифона, дар даст далелҳои қонунӣ надорад ва ҳамеша дар мавриди интихоби асосҳо барои муҳокима ба вариантҳои гуногун ё калавишҳо роҳ медиҳад."

Мубориза бо коронавирус чӣ гуна буд?

Радиои Озодӣ. Ҳамчун табиби собиқадор баҳои Шумо ба тарзи мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ҷумъабой Сангинов: "Кишварҳо бо суръати гуногун роҳи муборизаро бо бемории ҳамагир пайдо карданд. Тоҷикистон ҳам. Дар инҷо омилҳои экологӣ, ҷуғрофӣ ва масунияти мардум буд. Мо аз "локдаун" ё маҳдудияти шадид низ даст кашидем. Ҳамон мусоидат кард. Дар ҳоле, ки ба ишораи баъзе расонаҳо дар мавриди нокомилии омори расмӣ розӣ ҳастам, вале ҳамин омилҳо сабаб шуданд, ки беморӣ дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигар авҷ нагирифт."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, як вақт барои вазири тандурустӣ шудани Шумо ҳуҷҷат омода кардаанд, вале дар лаҳзаи охирин ин нақша амалӣ нашудааст, дуруст аст?

Ҷумъабой Сангинов: "Инро қаблан аз бисёр манбаъҳо шунида будам, лекин шахсан худам хабар надоштам. Дар ягон минбар ба ин бахши фаъолияти худ ишора накардаам."

Кор дар порлумон ва лаҳзаҳои хотирмон

Радиои Озодӣ: Солҳои зиёд узви порлумон будед. Аз фаъолияти худ ҳамчун вакил розиед? Кадом тарҳи қонун ё тағйири онро мешавад пешниҳоди Шумо номид?

Ҷумъабой Сангинов: "Бале, аз 11 соли кори худ дар порлумон хеле қонеъ ҳастам. Дар замоне ки низоми тандурустӣ фақат се қонуни танзимкунанда дошт, банда 12 лоиҳаи қонунро навишта, пешниҳоди порлумону ҳукумат кардам. Онҳо қабул шуданд. Имрӯз меваҳои худро медиҳанд. Қонун дар бораи солимии репродуктивӣ, қонун дар бораи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиоктивӣ аз зумраи чунин санадҳост."

Лаҳзае аз мусоҳиба
Лаҳзае аз мусоҳиба

Радиои Озодӣ: Лаҳзаҳои беҳтарини зиндагии Шумо?

Ҷумъабой Сангинов: "Зиёд буданд, вале лаҳзаи беҳтарини ҳаёти ман, фикр мекунам, соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон аст."

Радиои Озодӣ: Агар баръакси ин суолро пурсем, чӣ посух доред?

Ҷумъабой Сангинов: "Лаҳзаҳое, ки дар вазъияти ногувор афтодаам, низ ҳаст. Ҳангоми сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе будан, баъд аз эродҳои пай дар пай, сардухтури яке аз шифохонаҳоро сабукдӯш кардам. Асоси ҳуқуқӣ ва касбӣ буд. Вале баъди ду даҳсола дар як маърака тасодуфан бо ин хонум вохӯрдам. Ашкҳои шашқатори ӯ тире буд, ки ба мафкураи ман таъсири бад расонд. Дарк кардам, ки ҳатто дар ҳамон замон, бо доштани асосҳои ҳуқуқиву касбӣ, барои як нафарро аз кор сабукдӯш кардан хеле андеша кардан зарур будааст."

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG