Мушкил дар як мактаби кӯҳнаи ноҳияи Муъминобод, ки Радиои Озодӣ аз ҳоли ногувораш гузориш дода буд, дар ду рӯз ҳал шудааст. Акнун хонандагоне, ки дар синфхонаҳои хатарнок ва қариб бе мизу курсӣ таҳсил мекарданд, дар ҷойи амну беҳтар таҳсил доранд.
Мудири маорифи ноҳия намехост, камбудҳоро эътироф кунад. Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод, рӯзи 16-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "хуб шуд, ки як гузориш баҳона гардид, то мактабҳои дигар бозсозӣ ва таъмир шаванд."
Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми январи имсол гузориш дод, ки бинои мактаби рақами 7 дар ҳолати садамавӣ аст ва мизу курсиҳояш шикаста. Хонум Шарифзода гуфт, "баъди он ки наворро дар интернет гузоштанд, ҳамроҳи муовини бахши идеология хоб нарафта, камбудҳоро бартараф карданд. Ман инкор накардаам. Хуб шуд. Бовар дорем, Вазорати маориф ва мақомоти Хатлон моро дастгирӣ мекунанд."
Дар мактаби рақами 7 дар ноҳияи Муъминобод зиёда аз ҳаштсад шогирд мехонанд. Онҳо пештар шикоят доштанд, ки дар се миз то 13 нафар менишинанд. Хонандагони синфҳои ибтидоии мактаб дар чаҳор ҳуҷраи бемористони деҳа ҷой дода шудаанд.
Мактаби рақами 7 ду бино дорад. Синфхонаҳои бинои садамавиро солҳои панҷоҳум ва бинои таъмиршударо солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохтаанд.
Ноҳияи Муъминобод баландкӯҳ буда, дар 230-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ҳоло дар ноҳия 65 мактабро сабт кардаанд. Масъулони идораи маориф гуфтанд, чаҳор мактаб дар ҳолати садамавӣ аст.
Аммо дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, дар Муъминобод 24 мактаб садамавӣ ва таъмирталаб аст.
Бо вазъи пешинаи мактаб дар ин гузориш ошно шавед: