Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф. Саидзода барои ислоҳи вазъ чӣ барнома дорад? ВИДЕО


Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Дар як иқдоми камсобиқа дар Тоҷикистон вазири маорифу се муовинаш, мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва раиси Маркази миллии тестиро аз мансабҳояшон барканор карданд. Вазири маориф ва мудири Оҷонси назорат дар соҳа ҳамагӣ ду сол дар ин мақом кор карданд. Мақомот сабаби тағйиротро "ба кори дигар гузаштан"-и мансабдорон номиданд, вале коршиносон ба бастаи мушкилҳои ҳалношуда дар бахши маориф пайванд доданд.

"Маҳмадюсуф Имомзода бо муовинонаш рафт. Шоҳин Саидзода ҳам"

Тағйироти кадрӣ дар бахши маориф рӯзи 21-уми феврал сурат гирифт. Бино бар он, Маҳмадюсуф Имомзода аз мансаби вазири маориф барканор шуда, ба ҷояш Раҳим Саидзодаро таъин карданд. Саидзода то ин дам мудири намояндагии Донишгоҳи миллии таҳқиқоти технологии Маскав (МИСИС) дар Душанбе буд.

Маҳмадюсуф Имомзода
Маҳмадюсуф Имомзода

Дар фармони президент сабаби барканории Имомзодаро "гузаштан ба кори дигар" навишта, вале мақоми навашро нагуфтаанд. Дар ин рӯз муовинони Имомзода низ мақомҳояшонро дар Вазорати маориф аз даст доданд. Ба ҷойи онҳо, Ҷамшед Ҷӯразода, Шукрулло Хайрзода ва Лутфия Абдухолиқзода муовинони нави вазири маориф таъин шуданд. Як курсии муовини вазири маориф феълан холӣ аст.

Шоҳин Саидзода, мудири Оҷонси назорат дар соҳаи маориф, низ рӯзи 21-уми феврал мақомашро аз даст дод. Номи роҳбари нави Оҷонси назорат дар соҳаи маориф эълон нашудааст. Шоҳин Саидзода, писари вазири пешини маориф Нуриддин Саид аст, ки қаблан номаш дар робита ба асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Ҳарчанд мақомот инро рад карда буданд.

Хуршед Икромӣ, мудири Маркази миллии тестӣ, аз мақомдорони дигари бахши маориф аст, ки курсиашро аз даст дод. Ба ҷойи Икромӣ, муовини аввалаш Сабзаалӣ Ҷаъфарзода мудири Маркази миллии тестӣ шуд.

"Мебинем вазири нав чӣ барнома дорад?"

Барканории аксар роҳбарони бахши маориф дар кишвар баъд аз се моҳи танқиди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ӯ рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси олӣ танқид кард, ки барномаҳои таълимӣ куҳнаанд ва донишгоҳҳо фақат диплом, яъне коғаз медиҳанд.

"Барномаҳо куҳна аст, конспектҳо куҳна аст. Аксар омӯзгорони мо системаҳои нави кор кардан бо донишомӯзонро намедонанд. Мо худамон худамонро фиреб мекунем. Фақат шумора, диплом, коғаз медиҳем. Мо аз ин методи таълим даст кашем, реформа кардан даркор," – афзуд оқои Раҳмон.

Рӯзноманигор Михаил Петрушков гуфт, шояд раисҷумҳур барои бартараф кардани камбудҳои соҳа мунтазири тағйироти нав буд. "Шояд аз ҷониби вазири собиқ барои ислоҳи вазъ пешниҳодҳо нашуданд. Албатта, барои бартараф кардани ҳамаи мушкилот чӯбчаи сеҳрнок даркор аст. Ҳоло мебинем, ки вазири нави маориф барои ислоҳи вазъ чӣ нақшаҳое дорад. Оё ӯ метавонад бо пешниҳодҳои худ моро дар ҳайрат гузорад? Суоли калоне аст," -- афзуд ӯ.

Раҳим Саидзода, вазири нави маориф, рӯзи 21-уми феврал баъд аз маросими муаррифиаш нахост дар бораи барномаи кораш ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад.

"Бахши маориф ба ислоҳот ниёз дорад"

Дар Тоҷикистон наздик ба 4 ҳазор мактаб ҳаст, ки дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. 41 донишгоҳу донишкада ҳаст, ки дар онҳо ҳудуди 250 ҳазор нафар илм меомӯзанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Эмомалӣ Раҳмон вазири маорифро аз мақомаш барканор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Танқиду нигарониҳо аз сатҳу сифати таълим дар кишвар танҳо аз забони раиси ҷумҳурӣ садо надодааст. Мутахассисон аз вазъи ҳозираи маориф, аз ҷумла маоши ками муаллимону тарки соҳа кардани онҳо, фасод, поин будани сатҳи дониши муҳассилин ва мушкилоти дигар борҳо нигаронӣ кардаанд. Соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафта, соҳаи маориф ҳанӯз яке аз бахшҳои фасодзада дар кишвар мондааст. Мақомот на ҳамаи ин танқидҳоро қабул доранд.

Хосият Олимӣ, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ислоҳот дар соҳаи маориф ҳарчи зудтар амалӣ гардад. "Маорифи кишвар ба хотири ояндаи миллат ба табадуллоти қатъӣ ниёз дорад. Вазорати маориф ва илми кишвар минбаъд барои рафъи мушкилот корро ҷиддан ба роҳ монад," – хулоса кард ин устоди донишгоҳ.

XS
SM
MD
LG