Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Moody's гуфт, ки Тоҷикистон аз низои Русияву Украина чӣ зиён мебинад


Ширкати эътиборсанҷии молии Moody's гуфтааст, ки басиҷ кардани нерӯҳои Русия дар марз бо Украина ва ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар метавонад, ба вазъи иқтисодии кишварҳои Шӯравии собиқ ба мисли Тоҷикистон асари бад гузорад.

Дар баёнияи ширкат омадааст, дар сурати эъмоли таҳримҳои иқтисодии кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия, бештар аз ҳама иқтисоди Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова ва Арманистон осеб мебинанд, чун ҳамаи онҳо бо Русия робитаҳои иқтисодии зич доранд.

Ширкати Moody's гуфтааст, ҳоло вазъи пардохтпазирии қарзии Тоҷикистон муътадил аст.

Тоҷикистон аз Русия молу маҳсулоти зиёд ва бахусус сӯзишворӣ мехарад. Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки солона ба кишвар миллиардҳо доллар мефиристанд.

XS
SM
MD
LG