Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маликаи Бритониё ба COVID мубтало шудааст, вале бо нишонаҳои сабук


Маликаи Бритониё, Елизаветаи II
Маликаи Бритониё, Елизаветаи II

Маликаи 95-солаи Бритониё, Елизаветаи II, ба COVID-19 мубтало шудааст, вале Қасри Букингем рӯзи 20-уми феврал гуфт, ки ӯ танҳо нишонаҳои сабуки бемориро дорад.

Малика дар аввали моҳи феврал ҳафтодсолагии ба тахт нишастанашро таҷлил кард. Вай се дафъа ваксина гирифтааст.

Қасри Букингем мегӯяд, Елизаветаи II давоми ҳафтаи оянда дар Қасри Виндзор хоҳад буд.

Тибқи гузоришҳо, ҳукумати Бритониё ин ҳафта нақша дорад, талаботи гӯшанишиниро барои шахсони гирифтор ба коронавирус бекор кунад.

XS
SM
MD
LG