Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саудӣ барои музокирот бо Эрон омода аст"


Файсал бин Фарҳон оли Сауд
Файсал бин Фарҳон оли Сауд

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мегӯяд, Риёз омода аст, даври панҷуми музокиротро бо Теҳрон баргузор кунад. Ҳарчанд, ба гуфтаи Шоҳзода Файсал бин Фарҳон оли Сауд, дар даври гузашта пешрафти қобили таваҷҷуҳ ҳосил нашуд. Вай рӯзи 19-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен ибрози умед кард, ки Эрон ба ваъдаҳояш барои дарёфти роҳбурди нав дар минтақа ҷиддӣ бошад. То ҳанӯз мақомҳои Эрон вокуниш нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG