Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, Украина бо ёрии шарикон ваё бидуни онҳо ҳам, аз худ дифоъ мекунад


Мюнхен, 19 феврал
Мюнхен, 19 феврал

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, Украина сарзамини худро "бо кӯмаки шарикон ваё бидуни онҳо ҳам" ҳимоят хоҳад кард.

Владимир Зеленский, ки рӯзи 19-уми феврал бо ин суханҳо дар конфронси амниятии НАТО дар Мюнхен ширкат кард, гуфт, аъзои НАТО бояд дар заминаи ин ки Украина ба узвияти ин созмон пазируфта мешавад ё на самимона рафтор кунанд.

Дар ҳоле, ки нигарониҳо аз вазъи амниятӣ дар Украина боло мегирад, Зеленский гуфт, ки баъди анҷоми ин ҳамоиш шоми 19 феврал ба Киев бармегардад.

Камола Ҳаррис, муовини президенти ИМА
Камола Ҳаррис, муовини президенти ИМА

Дар конфронси Мюнхен Камола Ҳаррис, муовини президенти ИМА ҳам иштирок кард. Ӯ гуфт, ки дар сурати ҳуҷум ба хоки Украина Русия бо тақвияти ҷабҳаҳои шарқии НАТО дар Аврупо ва “қимати бемисл” рӯбарӯ мешавад.

Ҳаррис, ки рӯзи 19 феврал дар конфронси амниятии Мюнҳен ширкат мекард, гуфт, “мо аз ҳеҷ гуна тадбирҳои иқтисодӣ даст намекашем. Мо нирӯи муттафиқонамонро аз НАТО дар ҷабҳаҳои шарқӣ тақвият медиҳем”. Ҳаррис инчунин Русияро ҳушдор дод, ки дар сурати ҳуҷум ба Украина нархи “бемисле” пардохт мекунад ва пешбинӣ кард, ки чунин ҳамла муттафиқони аврупоиро бо ИМА наздиктар хоҳад кард.

Изҳориназарҳои Ҳаррис як рӯз баъди он садо дод, ки президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, “бовар дорад”, ки президенти Русия Владимир Путин қарори худро дар заминаи ҳамла ба Украина қабул кардааст.

Русия давоми чанд моҳи гузашта ҳудудан 150 ҳазор сарбозашро дар хати марз бо Украина ва ҳам дар самтҳои шарқии ин кишвар, ки чун хати тамос ёд мешавад, мустақар кардааст. Ин минтақаҳо Донетску Луҳанск мебошанд. Давоми ду рӯзи гузашта Киев ҷудоиталабонро дар он муттаҳам кард, ки ба сӯи мавқеъҳои украинӣ оташ мекушоянд. Хабари рӯзи 19 феврал дар бораи ин ки Путин машқи низомӣ бо истифода аз нирӯҳои стратегии ҳастаиро шурӯъ кардааст, нигарониҳоро бештар кард.

Ҳаррис гуфт: “Иҷоза диҳед, возеҳ бигӯям. Ман бо итминони хотир мегӯям, ки агар Русия ба Украина ҳуҷум кард, ИМА ҳамроҳ бо шарикону ҳамкоронамон ҳазинаи бесобиқаи азими иқтисодиро таҳмил хоҳем кард”. Ҳаррис гуфт, маъмурияти Байден ва муттафиқонаш дар талоши ин буданд, ки Маскавро ба ҳалли дипломатии қазия водор кунанд, вале, ба гуфтааш, мавқеи Кремлин чунин нест. Ӯ гуфт: “Русия ҳамоно мегӯяд, ки ба муколама омода аст, вале айни замон, роҳ барои дипломатияро танг кардааст”. Ӯ афзуд, “рафтору гуфтори онҳо бо ҳам рост намеояд”.

Акси садои Украина аз Осиё хоҳад омад...

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар ин конфронс гуфт, агар кишварҳои ғарбӣ аз ӯҳдаи иҷрои ваъдаҳояшон барои кӯмак ба ҳифзи истиқлолияти Украина набароянд, ин чиз барои дигар нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла Тайван ҳам паймади харобиовар хоҳад дошт.

1 феврал, Киев. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ва президенти Украина Владимр Зеленский
1 феврал, Киев. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ва президенти Украина Владимр Зеленский

Ӯ гуфт, дар ҳар сафари вазирони ғарбӣ ба Киев “мо мардуми Украинаро мутақоид кардаем, ки аз тамомияти арзиву истиқлолияти онҳо ҳимоя мекунем”, гуфт Ҷонсон. “Агар Украина бо хатар рӯбарӯ шавад, - гуфт ӯ, - акси садои он дар Осиё, дар Тайван ҳам шунида мешавад”. Ӯ гуфт, “мардум хаёл мекунанд, ки таҷовузкорӣ натиҷа медиҳад ва шояд ин кори дуруст бошад”.

Пеш аз ин дар суханронии худ дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз Русия тақозо кард, ки «омодагӣ ба ҷангро бас кунад» ва барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда дар Украина аз роҳи дипломатӣ гом бардорад. Столтенберг гуфт, дар номае ба унвонии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия аз ӯ хост, ки ба хотири роҳ надодан ба низоъ дар Украина ба муколамаи НАТОву Шӯрои Русия ҳамроҳ шавад. Столбтенберг гуфт, ки ҳеҷ нишонаи аз марзи Украина дур шудани нирӯҳои русӣ вуҷуд надорад ва хатари сар задани ҷанг воқеӣ мебошад. Столтенберг инчунин гуфт, ки Маскав талабҳои амниятӣ гузоштааст, ки ба гуфтааш, Кремл медонад, ки НАТО ҳеҷ гоҳ бо онҳо розӣ намешавад.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ки ҳамчунин дар ин нишаст иштирок кард, гуфт: “Русия масъалаи узвияти эҳтимолии Украина дар НАТО-ро ба як баҳонаи ҷанг табдил дод, ин як парадокс аст, чунки дар даст роҳҳали ин масъала вуҷуд надорад”.

Шолтс инчунин иддаои Путинро чун “хандаовар” рад кард, ки гуфтааст, дар шарқи Украина, ки зери дасти ҷудоиталабон аст, наслкушӣ вуҷуд дорад. Чанде баъд вазорати корҳои хориҷии Русия инро “ғайриқобили қабул” номид.

Нархи ҷанг

Вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок гуфт, шарҳҳои ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар давоми 24 соати гузашта, ки ба гуфтааш, пешбиниҳои бисёриҳоро тасдиқ мекунад, наметавонад баҳонаи шурӯи ҷанг шавад. Бербок гуфт, Украина ҳеҷ коре накардааст, ки берун рафтани ҷудоиталабонро тавҷеҳ кунад.

Ин суханҳо ишора ба изҳороти раҳбарони ҷудоиталабон дар Луҳанск ва Донетск аст, ки рӯзи 18 феврал ба билофосила тарк кадани макони зист даъват карданд, вале як таҳқиқи фаннии Бахши русии Радиои Озодӣ собит кард, ки наворҳои видеоии дар шабака нашршуда на 18, балки 16-уми феврал сабт шуда, амалиёти аз пеш тарҳрезишударо мемонанд.

Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт, ки агар Маскав ба Украина ҳамла кунад, бо таҳримҳои хеле азими молӣ рӯбарӯ мешавад. Ӯ инчунин гуфт, ки ба ҳама ҳолати мисли пурра қатъ шудани интиқоли гази русӣ ба Аврупо ҳам омода мебошад.

Дар ҳафтаҳои охир дар Иттиҳоди Аврупо нигарониҳое садо додааст, ки эҳтимол Русия барои қатъи интиқоли газ иқдом кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG