Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони минтақаҳои ҷудоиталаб ба басиҷи нирӯҳо дар шарқи Украина амр доданд


Як узви гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Луҳанск
Як узви гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Луҳанск

Раҳбарони ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки аз Русия ҳимоят мешаванд, дастури басиҷи комили низомиро доданд ва бо ин нигарониҳо афзоиш ёфт. Денис Пушилин ва Леонид Пасечник, ки раҳбарони амалии минтақаҳои ҷудоиталаби Донетск ва Луҳанск мебошанд, дар изҳороти ҷудогонаашон рӯзи 19 феврал ба басиҷ кардани ҳама нирӯҳо амр дода аз нирӯҳои захиравӣ талаб карданд, ки ба идораҳои низомӣ ҳозир шаванд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки дар хати тамоси артиши Украина ва ҷудоиталабон афзоиши хушунат мушоҳида мешавад. Дар Ғарб нигарон ҳастанд, ки ин ҳодиса метавонад баҳонае барои ҳамла ба Украина шавад. САҲА дар изҳороте рӯзи 18-уми феврал гуфт, ки дар давоми 24 соати гузашта 600 ҳолати вайрон кардани қоидаи оташбас, аз ҷумла, 300 таркиш ба қайд гирифта шуд. Рӯзи 18-уми феврал ҷудоиталабон ба интиқоли сокинон ба шаҳру манотиқи Русияи ҳаммарз шурӯъ карданд.

Русия дар ин охирҳо ба даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Украина шиносномаи русӣ дод ва дар Ғарб ин тасмимро интиқод карданд, ки метавонад ҳамчун баҳонае дар оянда барои гӯё ҳимоят кардани шаҳрвандони Русия дар шарқи Украина истифода шавад.

XS
SM
MD
LG