Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА гуфт, "Русия ҳазорҳо нерӯи дигарро ба сарҳади Украина сафарбар кард"


11-уми феврали 2022, Руминия. Нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи низомӣ ҷойгир мешаванд
11-уми феврали 2022, Руминия. Нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи низомӣ ҷойгир мешаванд

Кохи Сафед дар изҳороте гуфт, бо вуҷуди иддаояш дар бораи берун бурдани нерӯҳо аз сарҳади Украина, Русия ҳазорҳо нерӯи дигарро ба марзи Украина сафарбар мекунад.

Изҳорот дар ҳоле садо дод, ки кишварҳои ғарбӣ талош доранд, бо роҳи дипломатӣ аз эҳтимоли ҳуҷуми Русия ба Украина пешгирӣ кунанд.

Инчунин, дабири кулли паймони низомии НАТО, Йенс Столтенберг, гуфт, воқеияти кор бо изҳороти расмии Маскав дар ихтилоф аст.

Ӯ дар ҷараёни мулоқоти вазирони дифои узви НАТО дар Брюссел гуфт, “баръакс, чунин ба назар мерасад, ки Русия ба тақвияти нерӯҳояш идома медиҳад".

Қарор аст, Столтенберг рӯзи 17-уми феврал дар поёни ҷаласа дар ин бора назари худро баён кунад.

Дар Вашингтон як мақоми баландпояи Кохи Сафед изҳороти Маскавро чун як “дурӯғ” интиқод кард ва дар ҳузури журналистон гуфт, рӯзи 16-уми феврал шумори нерӯҳои русӣ дар сарҳад бо Украина “то 7 ҳазор нафар” зиёд шуд.

Як мақоме, ки нахост номаш ифшо шавад, ҳушдор дод, ки Русия метавонад бо баҳонаи дурӯғин ба Украина ҳамла кунад.

XS
SM
MD
LG