Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, беруншавии нерӯҳои Русияро аз марзи Украина надиданд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико гуфт, то ҳанӯз нишонаҳои беруншавии нерӯҳои Русияро аз марзи Украина надидаанд ва таҷовузи Маскав ба хоки ин кишвар ҳамоно имконпазир аст.

Ҷо Байден рӯзи 15-уми феврал дар як паёми даҳдақиқаӣ изҳори умед кард, ки буҳрон бо роҳи дипломатӣ ҳал мешавад, аммо афзуд, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, бо таҳримҳо дучор хоҳад шуд.

Президенти Амрико илова кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани таҳримҳо эҳтимол нархи энержӣ боло равад, вале мардуми Амрико дарк мекунанд, ки демократия бе пардохти нархе ба даст нахоҳад омад. Феълан қимати нафти хом ба дараҷаи баландтарин дар ҳашт соли ахир расидааст.

Рӯзи 14-уми феврал мақомдорони маъмурияти Амрико дар расонаҳои хабарӣ пешбинӣ карда буданд, ки шояд рӯзҳои наздик ҳамлаи Русия ба Украина амалӣ шавад. Вазорати мудофаиаи Русия рӯзи 15-уми феврал хабар дод, ки нерӯҳояшро аз марз бо Украина берун мекашад. Ба қавли Байден, агар ин хабар исбот шавад, рӯйдоди хубе хоҳад буд.

Президенти Иёлоти Муттаҳида афзуд, дар марзи Украина то 150 ҳазор афсару сарбози Русия дар мавқеъҳои таҳдидкунанда ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG