Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи нав алайҳи мухолифи Путин. Навалнийро 10 сол зиндон таҳдид мекунад


Навалний дар додгоҳ. 15 феврали 2022.
Навалний дар додгоҳ. 15 феврали 2022.

Муҳокимаи додгоҳии Алексей Навалний, аз мухолифони саршиноси ҳукумати Русия, ки аз як сол ба ин тараф дар зиндон ба сар мебарад, рӯзи сешанбеи 15-уми феврал ба иттиҳоми дигар -- "қаллобӣ", оғоз шуд. Тибқи иттиҳоми нав, Навалнийро даҳ соли зиндон таҳдид мекунад. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ аз баргузории муҳокимаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста ва дар зиндон, интиқод кардаанд.

Алексейн Навалний дар видеои кӯтоҳе, ки аз лаҳзаи ҳузур дар ҷаласаи додгоҳ нашр кард, гуфт, ҳукумати Русия аз тарси он чизе, ки ӯ дар ҷаласҳои додгоҳӣ хоҳад гуфт, мурофиаро дар зиндон баргузор мекунад. Ӯ афзуд, "ман ҳанӯз маҳкум нашудаам, вале онҳо маро маҷбур кардаанд, ки бо либоси махсуси зиндон дар муҳокима ширкат кунад, то касоне ин аксҳоро дар телевизион мебинанд, бо худ бигӯянд, ба ҳар ҳол ӯ як зиндонӣ аст".

Дар ин навори видеоӣ дида мешавад, ки Навалний либоси зиндон пӯшида буд, ва ҳангоми дидор бо ҳамсараш чеҳраи хандон дорад ва ду нигаҳбони зиндон ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамкорон ва тарафдорони Алексей Навалний ин муҳокимаи ӯро "намоишӣ" мехонанд.

Навалний дар моҳи июни соли 2021 пас аз муолиҷа ҳангоми бозгашт аз Олмон дар фурудгоҳи Макав боздошт ва равонаи зиндон шуд. Ӯ дар ҳоли ҳозир давраи дусолаи зиндонро бинобар нақзи муқаррароти ҳабси шартӣ дар як парвандаи дигар, сипарӣ мекунад. Вале агар дар парвандаи нав ба иттиҳоми "қаллобӣ" ӯро гунаҳкор кунанд, мумкин аст муҳлати ҳабси ӯ то даҳ сол афзоиш ёбад.

Парвандаи иттиҳоми "қаллобӣ" дар декабри соли 2020 ҳангоме, ки ӯ дар Олмон буд, ба миён омад. Додситонии Русия Навалнийро ба суистифодаи шахсӣ аз ҳудуди 4,7 миллион доллар кӯмакҳои молӣ ба созмони сиёсии ӯ муттаҳам кардааст.

Муҳокимаи Навалний дар ҳоле оғоз мешавад, ки буҳрони Украина идома дорад ва нахуствазири Олмон барои музокира бо Путин ба Маскав сафар кард. Ҳамкорони Навалний аз нахуствазири Олмон хостанд дар мулоқот бо Путин вазъияти Навалнийро матраҳ кунад.

Алексей Навалнийро рӯзи 17-уми январи соли 2021 дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав, баъди бозгашташ аз Берлин боздошт карда, бо иттиҳоми ин ки ҳукми ҳабси шартиро вайрон кардааст, ба дувуним сол зиндон ҳабс карданд.

Худи Навалний ва вакилонаш гуфтанд, замони муолиҷа дар Берлин мақомотро дар бораи дар куҷо буданаш огоҳ карда буданд. Худи Навалний гуфтааст, амри заҳролудкунии ӯро президенти Русия Владимир Путин додааст. Кремлин даст доштанашро дар ин қазия рад кардааст.

XS
SM
MD
LG