Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дороиҳои бандмондаи Афғонистонро тақсим мекунад. Толибон хашмгин шудаанд. ВИДЕО


Захираи сармояи Афғонистон дар ИМА ба ду тақсим мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Толибон ва хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико қарори раиси ҷумҳур Ҷо Байденро танқид карданд, ки амр дод, 7 миллиард доллар захираҳои пулии Афғонистон ду тақсим карда шавад.

Нисферо барои кумак ба мардуми муҳтоҷ дар ин кишвар сарф кунанд ва нисфи дигар барои пардохти ҷуброни молӣ ба оилаҳои онҳое пардохта шавад, ки азизонашонро дар ҳамлаҳои хунини соли 2001 аз даст доданд.

Вазъи нобасомони башарии Афғонистон баъди омадани Толибон ба қудрат дар моҳи август ва қатъи кумакҳои башарӣ ва дастнорас кардани пулҳои Афғонистон дар хориҷ бадтар шуд. Мардуми муҳтоҷ мунтазири дастрас кардани пораи нон ҳастанд.

Муҳоҷира Амонуллоҳ, сокини Кобул мегӯяд, “Як ё ду сол шуд, ки вазъиятам комилан хароб аст. То ҳадде шуд, ки шавҳарам гуфт, духтаракамро мебарам мефурӯшам. Ман гиряву нола кардам, ки аз ман дигар чӣ мондааст, ба ғайр аз ҳамин фарзандонам. Онҳоро ҳам, ки бубарӣ, зиндагӣ дигар чӣ ба дарди ман мехӯрад. Ман намемонам, ки духтараконамро бифурӯшӣ. То ҳамин андоза зиндагии ман хароб аст.”

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта қарореро имзо кард, ки иҷоза медиҳад, нисфе аз 7 миллиард доллари Бонки миллии Афғонистон барои кумакҳои башарӣ харҷ шавад. Нисфи дигари пулро дар Амрико барои ҷуброни эҳтимолӣ ба оилаҳои қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр нигаҳ медоранд. Толибон, ки он замон Афғонистонро дар даст доштанд, Усома бен Лодан, тарҳрези ҳамлаҳоро пинҳон мекарданд.

Як мақоми расмии Амрико ба Садои Амрико гуфт, ки 3.5 миллиард доллар то замони баррасии парвандаҳои даъвогарони ҷуброн дастнорас мемонад.

Якоб Куртзер, як коршиноси амрикоӣ ин иқдомро танқид мекунад. Ӯ гуфт: “Ин пули мардуми Афғонистон аст, на пули Толибон. Дастнорас кардани онҳо ва тақсими пул бар асоси муҳосиботи дохилӣ, дар бораи нақши Амрико дар расидагӣ ба вазъи башарӣ ва буҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон, ба мардуми инҷо паёми нодурусте мерасонад.”

Толибон ҳам қарорро танқид карданд. Муҳаммад Наим, сухнагӯи ин гурӯҳ дар Твиттер навишт, ки “дуздидани пулҳои мардуми афғон, ки Амрико дастнорас кардааст, поинтарин сатҳи ахлоқиву инсонии Амрикоро нишон медиҳад.”

Толибон, ки ҳукуматро бо зӯр гирифтанд, ҳеч ҳаққи суҳбат дар бораи ахлоқро надоранд, мегӯяд, Ҳусейн Ҳаққонӣ, мудири бахши Осиёи Ҷанубиву Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи Ҳадсон.

“Онҳо саъй доранд, пулеро бигиранд, ки ҳеч ҳаққе барои он надоранд. Ин пулҳо дар замони ҷумҳурии Афғонистон анбошта шудаанд, ки Толибон доимо бо он меҷангиданд. Толибон ҳеч гоҳ ирсоли кумакҳои башарӣ ба ҷумҳурии Афғонистонро хуш надоштанд. Барои ҳамин гуфтани онки ин пули мардуми афғон аст, дурӯягист.”,--гуфт ӯ.

Бретт Иглсон, писари яке аз қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр мегӯяд, бисёре аз оилаҳои қурбониён харҷи пулҳои дастнорасшуда ба мардуми афғонро тарафдорӣ мекунанд. Аммо ба қавли ӯ, ба ихтиёри додгоҳ гузоштани ҳаққи тақсими ҷуброн, сабаби даъво байни оилаҳо мешавад, ки нодуруст ва ноодилона аст. Ҳоло маълум нест, ҳукумати Байден чӣ гуна 3.5 миллиард долларро барои кумакҳои башарӣ дар Афғонистон харҷ мекунад.

XS
SM
MD
LG