Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дарсҳои омӯзгорони намунавиро видеоӣ сабт мекунанд


Дар хабарнома гуфта мешавад, дарсҳое, ки дар ин студия сабт мешаванд, ба доираи васеи хонандагон имкони омӯзиши баробарро медиҳад.
Дар хабарнома гуфта мешавад, дарсҳое, ки дар ин студия сабт мешаванд, ба доираи васеи хонандагон имкони омӯзиши баробарро медиҳад.

Дар Тоҷикистон студияе таъсис ёфт, ки дар он дарсҳои намунавии омӯзгорон сабт мешаванд.

Рӯзи 15-уми феврал намояндагони Вазорати маориф, Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсиониро расман ба истифода доданд. Ин Марказ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар ҳамоҳангӣ бо ЮНИСЕФ бунёд шудааст.

“Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, сатҳи дониш ва малакаҳои худомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна, студияи мазкур барои ба навор гирифтани дарсҳои видеоӣ истифода хоҳад шуд.”,--гуфт шудааст дар хабарномаи ЮНИСЕФ.

Дар хабарнома гуфта мешавад, дарсҳое, ки дар ин студия сабт мешаванд, ба доираи васеи хонандагон имкони омӯзиши баробарро медиҳад.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки Маркази таълимӣ ва омӯзишии инноватсионии нав ба омӯзгорон ва хонандагон кумак мерасонад.

Осама Маккавӣ, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки “истифодаи технологияи нави мазкур ба такмили минбаъдаи дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои тамоми кӯдакон дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.”

Дар аксар кишварҳои ҷаҳон зарурати бештар боз кардани чунин Марказҳои омӯзишӣ замоне иттифоқ афтод, ки бар асари паҳншавии бемории КОВИД-19 хонандагону омӯзгорон карантин шуданд ва имкони ба мактаб рафтанро аз даст доданд.

Ҳоло мақомот умедворанд, ки аз ин тариқ дарсҳои омӯзгорон бар асоси барномаи таълимӣ видеоӣ сабт мешавад ва хонандагон ҳама вақт имкони омӯзиши дарсҳояшонро пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG