Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ширкати Русия дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро рад кард


Нишасти матбуотии раиси кабинаи вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров
Нишасти матбуотии раиси кабинаи вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷапаров

Раиси кабинаи вазирони Қирғизистон даъвати як мақоми Русияро барои ширкат дар музокироти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон рад кард. Оқилбек Ҷапаров дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек рӯзи 15 феврал гуфт, ки ин ду кишвар бидуни мудохилаи ҷониби сеюм масоили марзиро ҳаллуфасл хоҳанд кард. ТАСС менависад, О.Ҷапаров дар Бишкек ба журналистон гуфтааст, “президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки метавонанд масъаларо бе ҷониби сеюм ҳал кунанд”. Ӯ гуфт, ки гуфтугӯҳо дар масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар азсар гирифта шудааст.

Мақомот дар Тоҷикистон ба ин даъвати Русия вокунише накардаанд.

Чанде пеш муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко гуфт, ки Русия омода аст бо Бишкеку Душанбе таҷрибаашро дар заминаи ҳалли масоили марзӣ дар миён гузорад. Руденко гуфт, ки вазъият дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором аст ва ин чиз мояи нигаронии ҷиддии Русия мебошад.

Ин даъват дар ҳоле садо дод, ки шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду тан кушта шуданд. Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Хунинтарин низоъҳо миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG