Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон аз шаҳрвандонаш дар Украина хост, бо намояндагиҳои дипломатӣ дар тамос бошанд


Ҳавопаймои ширкати давлатии ҳавонавардии Узбекистон.
Ҳавопаймои ширкати давлатии ҳавонавардии Узбекистон.

Сафорати Узбекистон дар Киев ба узбекистониҳое муроҷиат кард, ки дар Украина ҳузур доранд. Ба иттилои расонаҳо, сафорат аз узбекистониҳои Украина даъват кардааст, ки "иттилои носанҷида паҳн насозанд ва ба хабарҳои дурӯғ эътибор надиҳанд".

Ҳамзамон дипломатҳо гуфтаанд, ки Cафорати Узбекистон бо мақомоти Украина дар иртиботи доимӣ аст ва дар сурати сар задани ҳодисае аз узбекистонҳо даъват мекунанд, ки бо сафорат иртибот бигиранд.

Дар сафорат илова карданд, ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба парвозҳои доимӣ ба Киев идома медиҳад ва хоҳишмандон метавонанд, аз Украина ба Узбекистон баргарданд.

Пештар хабар дода шуд, ки бештар аз 30 кишвар аз шаҳрвандонашон хостанд, ки Украинаро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG