Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакхоҳии муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия


Як гуруҳ аз шаҳрвандони Узбекистон, ки тавассути Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории ин кишвар барои кор ба вилояти Смоленски Русия фиристода шуда буданд, мегӯянд, бе ҷои кор ва бе пул мондаанд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, 10-уми феврали имсол аз дасти корфармои худ дар Смоленск фирор карда, ба шаҳри Маскав рафтаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони радио, дар корхонаи моҳии шаҳри Вязмаи Смоленск ҳудуди 30 корманди дигар - муҳоҷирони узбекистонӣ низ ба кумак ниёз доранд.

"Мо дар асоси қарордод ба Русия омадаем. Корхона бояд моро бо ҷои кор таъмин кунад. Вале вақте корхона уҳдадориҳои худро иҷро намекунаду моро ихроҷ мекунад, бояд чӣ кор кунем? Дар ин корхона ҳоло муҳоҷирони зиёди дигаре низ ҳастанд, ки аз Узбекистон ба умеди кор кардан омадаанд", - гуфт яке аз муҳоҷирон бо номи Фаррух.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Узбекистон ахиран гуфт, нақша дорад, ба Русия муҳоҷирони бештарро фиристад.

XS
SM
MD
LG