Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон сарояндагонро танқид кард


Қадами Қурбон аз ҷумлаи сарояндагонест, ки барои сурудҳояш танқид мешавад.
Қадами Қурбон аз ҷумлаи сарояндагонест, ки барои сурудҳояш танқид мешавад.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон гуфтааст, “сарояндагони зиёде, ки бо шеърҳои беқофияву бемантиқ ва оҳангҳои сабук” рӯи саҳна омадаанд, ба ҷавонону наврасон таъсири бад мерасонанд.

Мӯҳриддин Низомӣ, ректори ин Донишкада дар нишасти матбуотие рӯзи 10-уми феврал аз ин сарояндаҳо сахт интиқод кард.

Ӯ аз ҳеҷ сарояндае ном нагирифтааст, вале гуфтааст, онҳо “забони тоҷикиро намедонанд ва калимаҳоро нодуруст талаффуз мекунанд.”

Ин мақомдор пешниҳод кард, ки забон ва шеваи сурудхонии ин гуна сарояндаҳо бояд танзим шавад ва қабл аз сабти суруд бо афроди огоҳ машварат кунанд.

Дар гузашта низ, пешниҳоди танзими кори бархе сарояндаҳо садо дода буд. Аз ҷумла, ду соли пеш бо танқид аз сурудҳои Қадами Қурбон, як сарояндаи маҳаллӣ, фаъолон пешниҳоди танзими сурудҳои сарояндаҳоро карда буданд. Аммо бархеи дигар гуфтанд, ки аз ҳама бештар сурудҳои ин сарояндаҳо пурбинандаанд. Мухолифони ин назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки мақомот бо фароҳам кардани шароити беҳтар барои эҷоди таронаҳои хуб завқи мардумро метавонанд боло баранд ва танҳо дар ин сурат имкон дорад, чунин сарояндаҳо бемухлис монанд.

XS
SM
MD
LG