Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба боздошти шаҳрвандаш дар Қазоқистон эътироз кард


Сакен Толибов.
Сакен Толибов.

Консулгарии генералии Узбекистон дар шаҳри Алмато баъди боздошт шудани шаҳрванди кишвари худ Сакен Толибов дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ ба ҷониби Қазоқистон нотаи эътирозӣ фиристодааст.

Дар Вазорати умури хориҷии Узбекистон тасдиқ карданд, ки ба ҷониби Қазоқистон нота фиристода шудааст. Вале масъулони вазорат аз шарҳи муҳтавои он худдорӣ карданд.

Толибови 17-сола тирамоҳи соли гузашта ба назди модари худ ба Қазоқистон рафтааст ва дар яке аз маҷмааҳои зисти Алмато ба ҳайси посбон кор мекард. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 4 январи имсол дар тазоҳуроти осоишта дар назди қасри "Алмато Арена" иштирок карда, сипас ҳамроҳи анбуҳи одамон ба тарафи шаҳрдорӣ рафтааст. Дар наворҳо омадааст, ӯ чи гуна сипар ва чӯбдасти корманди пулисро ба даст мегирад.

Мақомоти Қазоқистон аввали моҳи равон Толибовро боздошт карданд. Ӯ ҳоло бо қарори додгоҳ ба муҳлати ду моҳ ҳабс шудааст. Ин шаҳрванди Узбекистон дар баробари "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" дар "сӯиқасд ба ҷони корманди ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни вазъи фавқулода" ҳам айбдор мешавад.

Модари Толибов - Камшат Дербисалиева мегӯяд, писари ӯ гуноҳ надорад ва вайро як дӯсташ ба тазоҳурот бурдааст. Вакили дифои Толибов гуфт, мақомоти тафтишотӣ ҳамчун далел танҳо як видеоро дар даст доранд, ки нишон медиҳад, шахси зери ҳимояаш дар майдон аст.

XS
SM
MD
LG