Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумита: Марги сокинон аз офатҳои табиӣ зиёд шудааст


Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Мақомот мегӯянд, марги сокинон аз офатҳои табиӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта дар пайи сар задани офатҳои табиӣ дар кишвар 42 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба таъкиди ӯ, марги сокинон аз офтаҳои табиӣ дар соли 2020 ҳашт нафарро ташкил медод.

Дар соли гузашта, ба қавли Назарзода, дар кишвар 358 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ сабт шудааст, ки "59-тои он ба аҳолӣ зарари моддӣ расонид".

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ, ба мисли тармаву лағжиши хок ва селу обхезӣ аст ва кишвар солона аз фалокатҳо миллионҳо сомонӣ хисорот мебинад.

XS
SM
MD
LG