Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон зидди бунёди неругоҳи ҳастаӣ имзо ҷамъ мекунанд


Созмонҳои ҳифзи муҳити зист ва фаъолони мадании Қирғизистон ҷамъоварии имзоро зидди ташаббуси бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар он кишвар оғоз карданд

Дар изҳороти онҳо гуфта мешавад, ки дар Қирғизистон аллакай партовҳои радиоактивӣ мавҷуданд ва бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ як хатари дигаре барои амнияти радиатсионӣ дар он кишвар хоҳад буд.

Қаблан ширкати давлатии русии "Росатом" ва Вазорати энержии Қирғизистон 20-уми январ дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии "Экспо-2020" дар шаҳри Дубай ёддошти ҳамкориеро дар бораи бунёди неругоҳи хурди ҳастаӣ дар он кишвар имзо кардаанд.

"Бунёди чунин неругоҳҳои ҳастаӣ на танҳо ба истиқлоли энержии Қирғизистон, балки ба сатҳи зиндагии мардум ва рушди илмию техникӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад", - гуфта буд мудири кулли "Росатом" Алексей Лихачев.

Вазорати энержии Қирғизистон 21-уми январ бо нашри изҳороте имзои ёддоштро шарҳ дода, гуфтааст, "ҷониби Қирғизистон дар марҳалаи кунунӣ танҳо алоқамандии худро барои омӯзиши таҷрибаи ояндадори донишмандони ҳастаии Русия изҳор кардааст".

XS
SM
MD
LG