Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масҷиди калонтарин дар Душанбе омода аст", вале…


Масҷиди бузургтарин дар Душанбе
Масҷиди бузургтарин дар Душанбе

Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, масҷиди калонтарини Тоҷикистон аз комиссияи давлатӣ гузашта, барои истифода омода аст. Ин масҷид бо сармояи Қатар сохта шуда, то ҳол дари он барои намозгузорон боз нашудааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, рӯзи 8-уми феврал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, масҷиди мавриди назар бояд моҳи марти соли 2020 ба истифода дода мешуд. Вале ба гуфтаи Давлатзода, бо сабаби пандемия намондагони Қатар омада натавонистанд ва ба ин хотир ифтитоҳи масҷид ба таъхир афтод.

Давлатзода замони мушаххас барои боз кардани дарҳои масҷиди калонтаринро зикр накард. Танҳо гуфт, "интизори омадани меҳмонон ҳастем."

Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ оғоз карда буданд.

Бунёди масҷиди бузургтарин дар ҳолест, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ба камияш даҳ соли охир Тоҷикистонро барои бастани баъзе ибодатхонаҳо ва маҳдуд кардани озодиҳои динии сокинон танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора тасмимҳои худро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим хондаанд.

XS
SM
MD
LG