Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Останкино"-и Душанбе тахриб мешавад


Бурҷи мавҷафкани телевизиони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тахриб мешавад. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳод шудааст, ки ин бурҷи мавҷафкани телевизион дар маҳаллаи "Ховарон"-и пойтахт бунёд шавад. "Ҳоло талош дорем барои бунёди он дар болои "Боғи Ғалаба" иҷозат бигирем",-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳамзамон дар маҳалли идораи "Шабакаи Тоҷикистон" барои ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар идораҳо бунёд мешаванд. Яъне ,дар онҷо панҷ бинои нав сохта мешавад ва ҳама шабакаҳои телевизионӣ ба онҷо кӯчонида мешаванд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ин тарҳ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва бо дарёфти сармоя, ки маблағи он 73 миллион доллари амрикоӣ аст, сохтмони он оғоз меёбад.

Бинои ҳозираи шабакаи "ТВ Тоҷикистон" дар охири солҳои 50-уми қарни гузашта бунёд шудаааст.

XS
SM
MD
LG