Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумитаи дин: "Шароити ҳаҷҷи имсола номаълум аст" ВИДЕО


Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки сафари сокинон барои адои ҳаҷ кай имконпазир хоҳад шуд. Аз соли 2020 ба ин тараф, ба сабаби пандемияи коронавирус, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, ба Арабистони Саудӣ бираванд. Дар моҳҳои ахир баъзе аз онҳо талош доранд, тавассути Узбекистон ба Маккаву Мадина сафар кунанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 8-уми феврал гуфт, дар масъалаи баргузории ҳаҷ аз тарафи Арабистон ягон даъватнома нагирифтаанд. Давлатзода гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки ҳаҷҷи фарзӣ дар чӣ шароит баргузор мешавад.

Раиси Кумитаи дин дар бораи ҳаҷҷи умра гуфт, моҳи декабри соли гузашта ин ниҳод аз Ситоди муқобила бо COVID-19 хост, барои сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон иҷозат диҳад. Вале ба гуфтаи раиси Кумитаи дин, мавҷи нави коронавирус-омикрон, ин корро боз ба таъхир гузошт.

"Кумита моҳи декабри соли 2021 ҷиҳати ба танзим даромадани ин раванд муроҷиат кард. Мутаассифона, дар аввалҳои моҳи январ штамми нави коронавирус омад. Аз ин рӯ, Ситод як муддат ба таъхир андохт. Бинем, вазъият чӣ гуна мешавад," -- афзуд раиси Кумитаи дин.

Сулаймон Давлатзода ба таври рӯшан гуфт, "масъалаи сафар барои адои ҳаҷҷи умра ба беҳтар шудани вазъи коронавирус вобаста аст".

Бо кам шудани маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус дар як соли охир, баъзе аз сокинон мепурсанд, мақомоти Тоҷикистон кай барои сафари Ҳаҷ иҷозат медиҳанд? Ин суол ҳам матраҳ шуд, ки чаро сафар ба ҳама кишварҳо иҷозат аст, аммо ба ҳаҷ не?

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рӯзи 8-уми феврал дар посух ба ин нигарониҳо гуфт, “сафар ба Арабистони Саудӣ манъ нест ва ҳоло ҳам баъзе шахсон бо гирифтани раводид ба он ҷо сафар мекунанд.” Танҳо, ба гуфтаи Давлатзода, барои сафари гуруҳии зоирин ҳанӯз иҷозат дода нашудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раиси Кумитаи дин: "Шароити ҳаҷҷи имсола номаълум аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Дар се соли охир даҳҳо нафар дар Тоҷикистон мунтазири боз шудани роҳ ба ҳаҷ ҳастанд. Аз ҷумла, Саидшоҳ Пиров, сокини 65-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, соли 2020 ҳама ҳуҷҷатҳои худро омода карда, бояд ба ҳаҷ мерафт. Вале пандемияи коронавирус, ин нақшаи Пиров ва даҳҳо нафари дигарро барҳам зад.

“Фарзандонро соҳибмаълумот кардем, ҳар якеашон соҳиби хонаву дари худ ҳастанд. Бисёр мехостам, дар 63-солагиам рафта, хонаи Худоро зиёрат кунам, аммо нашуд," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

То соли 2020 ҳамасола аз Тоҷикистон каме зиёдтар аз 6 ҳазор нафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд. Бар иловаи ин, беш аз 3 ҳазори дигар ҳаҷҷи умраро адо мекарданд.

Арабистони Саудӣ бо адои қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат додааст, ки мусалмонон барои адои ҳаҷ ба ин кишвар сафар кунанд. Бар асоси ин қоидаҳо, ҳар шахсе, ки мехоҳад ба Арабистони Саудӣ равад, бояд ваксина бигирад.

XS
SM
MD
LG