Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати сабтиноми симкортҳо ба поён мерасад. Муштариёнро чӣ интизор аст? ВИДЕО


Тақрибан дувуним миллион ё 40 дар сади муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон метавонанд аз симкорт ва суҳбатҳои телефонӣ маҳрум шаванд.

15-уми феврал муҳлати сабтиноми симкортҳо бо шиносномаи нав (пластикӣ) ба поён мерасад. Соли гузашта ба сокинон барои сабти дубораи симкортҳояшон то миёнаи моҳи феврали имсол вақт дода буданд.

Ҳукумат то ҳол натавонистааст зарурати ин иқдомро ба мардум шарҳ диҳад. Сокинон ҳам, ҳатто онҳое, ки шиносномаи кӯҳнаи худро ба нав иваз кардаанд, то ҳанӯз намефаҳманд, ки чаро бояд барои маҳрум нашудан аз алоқаи мобилӣ ҳуҷҷати худро иваз кунанд. Сокинон мегӯянд, бе ин ҳам бо анҷоми муҳлати шиноснома онро иваз мекунанд, аммо ба иқдомҳои ғайриодии мақомот сарфаҳм намераванд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муҳлати сабтиноми симкортҳо ба поён мерасад. Муштариёнро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Аксари сокинон дар як пурсиши сарироҳӣ гуфтанд, ки ба мантиқи иваз кардани шиноснома ба хотири симкорт сарфаҳм намераванд. Як тан аз онҳо гуфт, "фарқи байни шиносномаи кӯҳна ва навро намефаҳмад, чун ҳарду ҳуҷҷати таъидкунандаи ҳуввияти одам аст."

Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, тақрибан 40 дар сади маштариёни ширкатҳои мобилӣ барои иваз кардани шиносномаҳои кӯҳнаи худ ба нав шитоб надоранд.

То анҷоми муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаи вақти кам мондааст. Ҳоло маълум нест, ки ин гурӯҳи муштариён аз симкорту алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд ё на. Дар қарори ҳукумат дар бораи бақайдгирии ҳатмии симкортҳо бо шиносномаи нав гуфта нашудааст, ки дар сурати иҷро накардани ин кор чӣ муҷозот пешбинӣ мешавад. Расонаҳои давлатӣ ҳам пайваста сокинонро огоҳ мекунанд, ки ҳатман ин корро кунанд. Аммо намегӯянд, ки агар саркашӣ кунанд, чӣ паёмаде хоҳад дошт.

Мақомот танҳо таъкид мекунанд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд шиносномаи худро бо ID иваз намояд, зеро шиносномаи ID тибқи талаботи байналмилалӣ тамоми маълумоти заруриро доро буда, барои бехатарии шахс дар оянда зарур аст.

Бекор кардани симкортҳо, дар сурати иваз нашудани шиносномаҳои муштариён, на фақат ба муштариён, балки ба ширкатҳои мобилӣ ва ҳатто ба буҷаи кишвар зиён мерасонад. Дар ҳоли ҳозир беш аз ду миллион симкорт дар кишвар бо шиносномаҳои шакли куҳна сабти ном шудаанд. Ин ба ин маъност, ки ҳар сол соҳибони онҳо дар умум 44 миллион доллар месупоранд. Рустам Гулов, як коршинос мегӯяд, давлат аз нав кардани шиноснома ҳамагӣ як бор даромад мегирад. Даромади дигаре аз ин ҳисоб мушоҳида намешавад. "Ин як харҷи иловагӣ аз ҷайби андозсупорандаҳо аст, ки маҷбур карда мешаванд, то шиносномаи амалкунандаи худро иваз кунанд.",--гуфт ӯ.

Рустам Гулов, бовар надорад, ки кор то ба бекор кардани симкортҳо бирасад ё муштариёнро дар ягон шакл ҷазо диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат маҷбур мешавад боз муҳлатро тамдид кунад.

XS
SM
MD
LG