Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Новая газета" бо фишори мақомот таҳқиқоти тими Навалнийро дар бораи Путин "рӯфт"


Рӯзномаи "Новая газета" ба дархости мақомот амал карда, маводи таҳқиқии нашршуда аз сӯи тими сиёсатмадори зиндонии мухолиф Алексей Навалнийро дар бораи вуҷуди фасод дар миёни мақомоти баландпояи Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, ҳазф кардааст.

"Новая газета" рӯзи 3-юми феврал дар канали "Телеграм"-и худ навишт, таҳқиқотеро, ки соли гузашта аз сӯи тими Навалний дар бораи қасри боҳашамати Геленджик дар наздикии Баҳри Сиёҳ нашр шуд ва ҳамчунин гузориш дар бораи фаъолиятҳои тиҷоратии домоди сарвазир Михайил Мишустин ҳазф намудааст.

Ҳазфи ин мақола чаҳор моҳ баъди аз он рух медиҳад, ки сардабири "Новая газета" Дмитрий Муратов барои талошҳояш ҷиҳати ҳифзи озодии баён барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2021 шуд.

Ба ҷойи матлабҳое, ки соли 2021 дар ҷомеаи Русия сару садо ба по кард, ин рӯзнома баёнияе нашр кард ва хотирнишон намуд, ки ин гузоришҳо ба дархости "Роскомнадзор", як ниҳоди назораткунанда бар расонаҳо, ҳазф шудааст. Ҳеч изҳори назари дигаре дар ин робита нашр нашудааст.

Канали телевизионии "Дожд" рӯзи 1-уми феврал гуфт, ба онҳо низ дастур дода шудааст, ки чунин гузоришҳоро ҳазф кунанд. Расонаҳои дигар ҳам гуфтаанд, ки чунин номаҳо дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG