Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Ҳукми “сафед” ва ҳабси абад бештар шудааст


Шермуҳаммади Шоҳиён
Шермуҳаммади Шоҳиён

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар соли 2021 шаш нафарро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба як сол пеш 3 маврид бештар аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 2-юми феврал ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ин афрод ба таҷовуз ба номуси кӯдакон ва одамкушӣ” гунаҳкор шуданд.

Ҳамзамон раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 даҳ ҳукми “сафедкунанда” содир шудааст, ки нисбати соле аз он 8 маврид бештар аст.

Барқасдона саркашӣ кардани волидон аз пардохти алимент, қаллобӣ, қасдан расондани зарар ба саломатӣ, латукӯб ва вайрон кардани дахлнопазирии манзил аз парвандаҳое будаанд, ки ба иттилои додгоҳ нисбати онҳо “ҳукми сафед” қабул шудааст.

Дар умум, ба иттилои Додгоҳи олӣ, соли гузашта дар кишвар беш аз 144 ҳазор парванда ва дархосту пешниҳод баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG