Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 600 миллион сомонии "пинҳон"-ро қонунӣ карданд


Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

Бонки Миллии Тоҷикистон хабар дод, ки пас аз қабули қонун дар бораи афви амволи шаҳрвандон, 600 миллион сомонӣ (бештар аз 53 миллион доллар)-и номашруъ қонунӣ гардонда шудааст.

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал хабар дод, ки қонунигардонӣ аз моҳи июли соли 2021 шуруъ шуд ва то охири моҳи январи соли 2022 ин миқдор маблағ тавассути бонкҳои кишвар қонунӣ гардонда шуданд.

"Шаҳрвандон ҳавасманд ҳастанд, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонанд," - афзуд Холиқзода.

Раиси Бонки Миллӣ дар бораи афви маблағҳои ғайриқонунии шаҳрвандон шарҳи зиёд надод.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авфи амвол”, ки манзур аз он "шустушӯ" ё қонунигардонии маблағҳои аз роҳҳои номашруъ ба дастомада аст, охири моҳи июни соли 2021 аз сӯи порлумони Тоҷикистон қабул гардида буд.

Ҳоким Холиқзода 30-юми июн – замони муаррифии тарҳи қонуни афви амвол - дар порлумон гуфт, ҳадаф аз он "фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ" аст.

XS
SM
MD
LG