Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон "насиҳат" мекунанд, ки матолиби танқидӣ нахонанд


Шӯрои калонсолон дар Туркманистон. Акс аз соли 2018
Шӯрои калонсолон дар Туркманистон. Акс аз соли 2018

Мақомоти вилояти Марии Туркманистон ба "суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ" бо ҷавонон пирону калонсолонро ҷалб кардаанд.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён, ки дар чунин "суҳбату вохӯриҳо" иштирок доштанд, иттилоъ додааст.

"Ингуна вохӯриҳо тақрибан ҳар рӯз дар толори яке аз мактабҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Мӯйсафедону калонсолон дар вохӯриҳо ба ҷавонон мегӯянд, ки "чӣ гуна онҳо ба рушду шукуфоии кишвар ва ояндаи неки сокинон бовар доранд. Ҳеч кас ҳам набояд ба ин шак кунад. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, дар Интернет шахсони "бадхоҳ"-е ҳастанд, ки президенти Туркманистонро "сиёҳ" мекунанд," -- изҳор дошт як хонандаи синфи болоӣ аз вилояти Марӣ, ки дар вохӯрӣ ширкат карда буд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мӯйсафедони туркман аз ҷавонон даъват мекунанд, ки дар Интернет матолиби зиддиҳукуматиро нахонанд. "Агар дар миёни Шумо афроде бошад, ки дар Интернет даромада, матлабҳои мазкурро мехонанд ва баррасӣ мекунанд, бояд зуд ба роҳбари синф хабар диҳед," -- афзуд манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон донишҷӯёнро дар шаҳри Ишқобод ҳушдор додаанд, ки агар ба сомонаҳои мамнуъ ворид шаванд, аз донишгоҳ хориҷ мешаванд.

XS
SM
MD
LG