Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размикори ҷавони тоҷик аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба IMMAF шуд


Асадбек Маннонов.
Асадбек Маннонов.

Асадбек Маннонов дар Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб барои Тоҷикистон аввалин унвони таърихии қаҳрамони ҷаҳон оид ба IMMAF (International Mixed Martial Arts Federation) ё Федератсиюни байналмилалии ҳунарҳои омехтаи размиро ба даст овард.

Варзишгари гаронвазнтарини тоҷик, ки дар мусобиқаи наврасон дар даври ниманиҳоӣ бо Дмитрий Бобоев аз Русия рӯбарӯ шуд, дар раунди дувум ӯро шикаст дод ва роҳи худро барои медали тилло ҳамвор кард.

Асадбек дар финал як зина баландтар вонамуд шуд. Ҳаракатҳояш хеле муназзам ба назар мерасиданд, зарбаҳояш сахту нишонрас буд ва муборизаи ҷолибу афсонавӣ мекард.

Чунин ба назар мерасид, ки қувваозмоӣ дар раунди аввал ба охир мерасад, вале ба рақибаш Никита Сибюли украинӣ муяссар шуд, ки истодагарӣ намояд.

Раунди дувум такрори раунди аввал буд ва баъди нимаи он довар барои қатъи мубориза дахолат кард.

Ин қувваозмоӣ яке аз беҳтарин рақобатҳои рӯзи аввали финал миёни наврасон буд, ки бо пирӯзии размикори ҷавону моҳири тоҷик анҷом ёфт.

Маннонов баъд аз муҳориба фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи мусобиқа баён намуда, гуфт, аз он мефахрад, ки ӯ кишвари худро сарбаландона намояндагӣ кард.

“Хеле хурсандам, зеро бо иштироки худ дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба MMA таҷрибаи зиёд касб намудам. Ин натиҷа бароям дастоварди олӣ аст. Ин ғалаба барои кишвари ман, оилаи ман ва барои ман буд."

Коршиносон бар ин назаранд, ки размикори ҷавони тоҷик Асадбек Маннонов дар сафи IMMAF мавқеи худро пайдо кард ва рақобатҳои ояндааш боз ҳам ҷолиб хоҳад буд.

Варзишгарони дигари тоҷик - Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) медалҳои нуқра, Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов (ҳарсе дар вазни 52 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ин аввалин иштироки размикорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ММА буд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 500 варзишгар аз 60 кишвар ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG