Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салом аз Доруссалом". Ҷавони гумгашта ба ватан расид. ВИДЕО


Салим Кимбунбунӣ аз Доруссалом сӯҳбат мекунад

Пас аз 16 соли саргардониҳо, ки аз ин даҳ солаш дар Тоҷикистон сипарӣ шуд, Салим Абдул Кимбунбунӣ ба зодгоҳаш -  шаҳри Доруссаломи кишвари африқоии Танзания  баргашт.

Дар аввалин паёмаш аз Доруссалом ӯ бо забони русӣ гуфт: “Салом алейкум, Тоҷикистон. Ман Салим Кимбунбунӣ дар Танзания ҳастам. Ба ҳамааш ташаккур. Тоҷикистонро пазмон шудам. Ба Танзания биёед”.

Ӯ хеле хушҳол метобад ва ҳамроҳи пайвандону дӯстонаш дар кӯчаҳои шаҳраш гаштугузор дорад.

Салим аз соли 2007 ба ҳайси ходими як сирки сайёр то Русияву Қазоқистон рафт ва баъдан ҳамроҳи ҳамкасбонаш ба Душанбе ҳам расид. Сафаре, ки қарор буд чанд ҳафта идома кунад, даҳ сол тӯл кашид. Ба гуфтаи ӯ, дар як ҳодиса дар Душанбе бору бағоҷ, аз ҷумла шиносномаашро гум кард ва баъди ин бе ҳуҷҷат монд.

Салим Кимбунбунӣ баъди дарёфти ҳуҷҷати бозгашт ба зодгоҳаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бовар надошт, рӯзе имкони бозгашт ба ватанашро пайдо мекунад. Чандин бор ба сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ба хотири гирифтани ҳуҷҷате муроҷиат кард. Вале ин масъала ҳалли худро наёфт ва муддате дар муассисаи нигаҳдории афроди бесарпаноҳ дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ кард.

Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр", ки ба афроди бесарпаноҳ кумак мерасонад, моҳи ноябри соли гузашта аз сафорати Танзания дар Маскав ҷавоби дархост нисбати бозгашти Салимро, ки ӯро дар ин ҷо «Салими африқоӣ» номиданд, ба даст овард ва то зодгоҳаш раҳнамоӣ кард.

Ҷавони африқоӣ баъди бозгашт ба ватанаш аз Тоҷикистон ёд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Диёр” мегӯяд: “Ӯ 16 сол дар ватанаш набуд ва барояш дар онҷо мутобиқшавӣ ҳоло каме душвор аст. Вале ҳоло кори асосиаш барқарор кардани ҳуҷҷатҳо, ҷустуҷӯи кор ва оиладоршавӣ аст. Ман бо ӯ дар тамоси ҳемешагӣ ҳастам, чунки вай дар 10 соли зиндагиаш ба инҷо одат карда буд. Вай бо дӯстони тоҷикаш, бахусус Маъруфу Мансур низ ҳамеша гуфтугӯ мекунад”.

Радиои Озодӣ низ аз аввал қиссаи оворагии Салимро пайгирӣ дошт ва бо ёрии корбарони он наздикони пайвандонаш бо ӯ тамос гирифтанд. Салим Кимбунбунӣ қаблан мегуфт, дар ин муддате, ки дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ кард, баъзан бо мушкилоти зист низ дучор гардид. Дар бозору сохтмонҳо корҳои муваққатӣ мекард, то рӯзашро гузаронад. Вале дар чанд моҳи охири зиндагиаш дар Тоҷикистон як сокини шаҳри Хуҷанд ӯро ба хонааш даъват кард ва ҳамроҳи онҳо зиндагӣ дошт.

Мансур Исоев, сокини Хуҷанд: “Бародари калонии ман вафот кард ва ӯро ҳамчун бародар ба худ қабул кардем. Ӯ низ розӣ шуд ва гуфт, ки «майлаш, ман ҳамин ҷо ҳамроҳи шумо мемонам». Баъд ҳамроҳи додарам шинос кардам ва модарам ҳамчун писархонд қабул кард”.

Салим Абдул бинобар мушкилоти ба сараш омада гоҳе ба фаромушхотирӣ низ дучор мегардид ва қаблан худро зодаи кишвари Кения мегуфт. Вале бо ёрии ихтиёриёни созмонҳои кӯмакрасон маълум гардид, ки ӯ зодаи шаҳри Доруссаломи Танзания аст ва хешу табор ҳам дорад. Салим баъди барқарор кардани ҳуҷҷатҳояш мехоҳад ба Тоҷикистон барои меҳмонӣ ояд, зеро дӯстонашро зиёд пазмон мешавад.

Як таҳқиқоти созмонҳои "Диёр" ва "Нотабене" дар моҳи сентябри соли 2021 маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 шахси бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG