Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салими африқоӣ" аз Хуҷанд ба ватанаш бармегардад. ВИДЕО


Салим Абдул Кимбунбунӣ шаҳрванди африқоитабори кишвари Танзания аст, ки дар Хуҷанд қарор дорад.

Пас аз 10 соли саргардониҳо Салим Абдул Кимбунбунӣ, як шаҳрванди африқоитабори кишвари Танзания иҷозатномаи бозгашт ба ватанро дарёфт кард.

Ӯ аз соли 2007 ба ҳайси ходими як сирки сайёр то Русияву Қазоқистон рафт ва баъдан ҳамроҳи ҳамкасбонаш ба Душанбе ҳам омад. Ба гуфтаи ӯ, дар як ҳодисаи даҳ соли пеш дар Душанбе бору бағоҷ, аз ҷумла шиносномаашро гум кард ва баъди ин бе ҳуҷҷат монд.

Салим Кимбунбунӣ, ки ҳоло хушҳол ба назар мерасад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бовар надошт, рӯзе имкони бозгашт ба ватанашро пайдо мекунад. "Чунки 10 сол боз одамони зиёд ваъда медоданд, ки ба ман барои бозгашт кумак мекунанд. Вале барои омода кардани ҳуҷҷат муваффақ намешудам. Ман ҳоло ҳиссиётамро баён карда наметавонам, фақат раҳмат мегӯям”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Салими Африқоӣ" аз Хуҷанд ба ватанаш бармегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Чандин бор ба сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ба хотири гирифтани ҳуҷҷате муроҷиат кард. Вале ин масъала ҳалли худро наёфт ва муддате дар муассисаи нигаҳдории афроди бесарпаноҳ дар шаҳри Хуҷанд зиндагонӣ кард.

Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр", ки ба афроди бесарпаноҳ кумак мерасонад, охири ҳафтаи гузашта аз сафорати Танзания дар Маскав ҷавоби дархост нисбати бозгашти Салими африқоиро ба даст овард.

"Билохира мо ҳуҷҷати бозгашти Салимро дарёфт кардем. То 21-уми январи соли 2022 ӯ бояд Тоҷикистонро тарк кунад. Ман бо масъулони барномаи телевизиони Русия “Жди меня” гуфтугӯ кардам ва онҳо розӣ шуданд, ки ҳама хароҷоти сафарро пардохт намоянд”,--гуфт ӯ.

Салим Кимбунбунӣ мегӯяд, дар ин муддате, ки дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон зиндагӣ кард, баъзан бо мушкилоти зист низ дучор гардид. Дар бозору сохтмонҳо корҳои муваққатӣ мекард, то рӯзашро гузаронад. Вале ду моҳи пеш як сокини шаҳри Хуҷанд ӯро ба хонааш даъват кард ва ҳоло ҳамроҳи онҳо зиндагӣ мекунад.

Мансур Исоев, сокини Хуҷанд, ки ба ин нафар ҷойи зист додааст, гуфт: “Бародари калонии ман вафот кард ва ӯро ҳамчун бародар ба худ қабул кардем. Ӯ низ розӣ шуд ва гуфт, ки майлаш ман ҳаминҷо ҳамроҳи шумо мемонам. Баъд ҳамроҳи додарам шинос кардам ва модарам ҳамчун писархонд қабул кард. Мо ӯро кор кардан намегузорем ва назорат мекунем, ки беҳуда кучагардӣ накунад”.

Салим Абдул бинобар мушкилоти ба сараш омада гоҳе ба фаромушхотирӣ низ дучор мегардад ва қаблан худро зодаи кишвари Кения мегуфт.

Дар гузашта Радиои Озодӣ низ дар бораи саргузашти вай гузориш таҳия карда буд. Вале бо ёрии корбарони Радио ва ихтиёриёни созмонҳои кумакрасон маълум гардид, ки ӯ зодаи шаҳри Доруссаломи Танзания аст ва хешу табор ҳам дорад. Салим акнун барои бозгашт лаҳзашуморӣ мекунад ва интизори ҳарчӣ зудтар озими ватан шудан дорад.

Як таҳқиқоти созмонҳои "Диёр" ва "Нотабене" дар моҳи сентябри имсол маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 шахси бесарпаноҳ зиндагӣ мекунанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG