Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ду таркиш дар вилояти Балуҷистон чор нафар кушта шуд. Дар таркишҳое, ки 28-уми январ дар деҳаи Маданӣ рух дод, дастикам ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Се нафари кушташуда ходимони амниятӣ буда, нафари чорум раҳбари маҳаллии қабилае будааст. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст. Балуҷистони ҳаммарз бо Афғонистону Эрон солиёни зиёд макони фаъолияти гурӯҳҳои мухталифи ҷудоиталаб будааст.