Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, таҳдиди ҷанги васеъмиқёси Русия "воҳима" аст


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки дар робита бо эҳтимоли омодагии Русия ба ҳуҷуми васеъмиқёсе ба Украина воҳима накунанд. Дар як мусоҳибааш бо матбуоти ҷаҳонӣ рӯзи 28-уми январ Зеленский гуфт, ки ба бовари ӯ таҳдиди ҳамлаи Русия ба Украина аз сатҳе, ки моҳи январи соли 2021 буд, бештар нашудааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, бо сабаби «воҳимае», ки бархостааст, «Украина иқтисодашро аз даст дода метавонад». Зеленский гуфт: «Ҳатто аз забони раҳбарони боэҳтироми давлатҳо ҳам ин ишора садо медиҳад, ки дигар ҳатто ба забони дипломатӣ неву рӯирост мегӯянд: «Фардо ҷанг мешавад». Ин воҳима аст. Воҳима дар бозор, дар бахши молӣ».

Ӯ дар идома гуфт, «агар журналистон бихоҳанд, ки вазъро бидонанд, ба кӯчаҳои шаҳри Киев бароянд. Чӣ, магар дар кӯчаҳо тонкҳо мегарданд? На. Вале аз матбуот чунин эҳсос мешавад, ки мо дар ҳолати ҷангему нирӯҳо дар кӯчаҳо гардиш мекунанд ва мо мардумро ба хидмат сафарбар мекунем. Чунин нест».

Сӯҳбатҳои Зеленский дар ҳоле садо доданд, ки рӯзи панҷшанбе як мақоми беном ба шабакаи телевизионии амрикоии CNN гуфт, ки мавқеи Зеленский ва президенти ИМА Ҷо Байден дар масъалаи таҳдиди ҳуҷуми Русия аз ҳам фарқ мекунад. Ин манбаъ ба шабакаи телевизионӣ гуфтааст, ки Байден ба Зеленский гуфтааст, ки таҳдиди ҳуҷуми Русия метавонад “ногузир” бошад. Президенти Украина гуфтааст, ки шубҳа дорад, ки ҳамла шавад.

Рӯзи ҷумъа раиси гурӯҳи ҳизби ҳокими “Хидматгори халқ” Давид Арахамия гуфт, ки Ғарбу ИМА дар робита бо вазъи кишвар “воҳимапароканӣ” мекунанд. Ӯ гуфт, “ман сабабашро намедонам, вале ин ҳолат бар зарари иқтисоди Украина аст”.

Гурӯҳҳои ҷосусии кишварҳои ғарбӣ аз поёни соли гузашта ҳушдор медиҳанд, ки Русия ба як ҳуҷуми васеъмиқёсе ба хоки Украина омода мешавад. Худи Маскав инро рад мекунад. Дар изҳороти телевизиониаш ду ҳафта пеш Зеленский гуфт, ки “ҷанг намешавад”.

XS
SM
MD
LG