Шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гармхонае дар Волгогради Русия кор мекарданд, бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҷон бохтаанд.
Саидаҳмад Маҳмадов, раиси "Ҷамоати тоҷикони Волгоград", рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳастанд". Тафсилоти дигар дар даст нест.
Мақомоти Русия мегӯянд, ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ карданд. Парванда боз шудааст. Ба иттилои онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қонунӣ кор мекарданд, вале "меъёрҳои бехатариро дар ҳудуди гармхона риоя нанамудаанд".
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин оморро бештар аз як миллион нафар медонанд.
Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷиронро аз Русия ба ватан меоранд. Соли 2020, ба сабаби пандемия ва баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ, тобути 300 нафарро оварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе