Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон санҷиши дубораи коронавирус дар марзро бекор кард


Марзи Узбекистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Узбекистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯяд, аз 25-уми январ мусофирон дигар вазифадор нестанд, ки ҳангоми воридшавӣ ба ин кишвар дар фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои марзӣ дубора санҷиши коронавирус ё экспресс-тест супоранд.

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон дар пайи афзоиши шумори мубталоёни вирус дастур дода буд, ки аз 15-уми январ ҳамаи мусофирон ҳангоми воридшавӣ дубора аз санҷиш гузаранд.

Ин қарор мусофиронеро ҳам, ки дар даст натиҷаи манфии санҷиши коронавирусро доштанд, маҷбур мекард, то экспресс-тест супоранд.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустии Узбекистон, қарори ахир боиси ба миён омадани навбатпоиҳо дар гузаргоҳҳои марзӣ ва афзоиши шикояти мусофирон шудааст.

XS
SM
MD
LG