Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, ИМА ва муттаҳидонаш ба таҳдидҳои Русия якҷоя посух медиҳанд


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои муттафиқи аврупоияш дар масъалаи вокуниш ба таҳдидҳои Русия дар марзи Украина мавқеи ягона доранд. Ӯ дар ин бора 24-уми январ пас аз муколамаи онлайнӣ бо муттаҳидони аврупоияш сухан гуфт.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон низ баъди муколама бо раҳбарони Амрико, Италия, Лаҳистон (Полша), Фаронса, Олмон, Шӯрои Аврупо, Комиссияи Аврупо ва паймони НАТО ҳамин гуна изҳорот пахш кард.

Паймони НАТО бо ишора ба таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марзи Украина гуфтааст, ҳузури нерӯҳояшро дар Аврупои Шарқӣ таҳким мебахшад.

Ба қавли масъулони НАТО, Дания, Испания, Фаронса ва Ҳолланд нақша доранд, ба Аврупои Шарқӣ нерӯ фиристанд. Амрико ҳаштуним ҳазор афсару сарбозашро дар ҳоли омодабош қарор додааст.

Русия мегӯяд, дар пайи ишғоли Украина нест. Маскав Амрико ва муттафиқонашро ба барангехтани иғво муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG