Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нерӯҳои курд ва ДОИШ дар Сурия. Дастикам 120 нафар кушта шуданд


Зиндони марказии Ал-Ҳасака.
Зиндони марказии Ал-Ҳасака.

Бар асари даргириҳои сахт миёни нерӯҳои курд ва гурӯҳи ДОИШ дар вилояти Ал-Ҳасакаи Сурия, бакамиаш 120 нафар кушта шудаанд. Ин даргирӣ пас аз ҳамлаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба як зиндон, шаби панҷшанбе оғоз шуд. Дар ин зиндон садҳо хориҷии узви ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Қаблан гузориш шуда буд, ки шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои вилояти Ал-Ҳасака нигаҳдорӣ мешавад. Вале ҳанӯз маълум нест, ки дар миёни қурбониён шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё не.

Як ниҳоди нозир бар ҷанги Сурия гузориш додаааст, ки ҳадафи ҷангҷӯёни ДОИШ аз ҳамла ба зиндони зери назорати курдҳои Сурия, озод кардани ҳамразмони худ будааст. Бар асоси эълони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Бритониё, аз оғози ҳамла ба зиндони Ал-Ҳасака 77 узви ДОИШ ва 39 ҷангии курд, аз ҷумла нерӯҳои амнияти дохилӣ, нигаҳбонони зиндон ва нерӯҳои зиддитерроризм кушта шудаанд.

Ба гузориши ин ниҳод, даргири шадид шаби якшанбе пас аз он, ки нерӯҳои курд талош карданд назорат ба ин зиндонро дигарбора ба даст бигиранд ва ҳамлаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ-ро хунсо кунанд, сурат гирифт. Тибқи гузоришҳо, дар ин даргириҳо 7 ғайринизомӣ ҳам кушта шудаанд.

Мақомоти курд чанде қабл ҳушдор дода буданд, ки тавони нигаҳдорӣ ва имкони муҳокимаи ҳазорон ҷангҷӯи ДОИШ-ро, ки аз чанд сол ба ин тараф дар зиндонҳои зери назорати онҳо ба сар мебаранд, надоранд. Ба гуфтаи ин мақомҳо, намояндагони ҳудуди 50 миллат дар зиндонҳои зерин назорати онҳо маҳбус ҳастанд, ки беш аз 12 ҳазор нафари онҳо ба узвият дар ДОИШ муттаҳам мебошанд.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо, бисёре аз кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин зиндонҳо ҳастанд, бинобар тарс ва вокуниши афкори умумӣ дар дохил, тамоюле ба бозгардонидани ин афрод ба кишвари худ надоранд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз хабарнигори худ дар Сурия гузориш додааст, ки садои тирандозии сахт дар минтақаи "Ғувайрон"-и вилояти Ал-Ҳасака шунида мешавад. Тахмин зада мешавад, ки дар ин минтақа дастикам 3 ҳазору 500 гумонбар ба узвияти дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузоришҳо, нерӯҳои демократии Сурия низ дар ин минтақа ҷобаҷо шуда, аз тариқи баландгӯ ғайринизомиёнро ҳушдор додаанд, ки минтақаро тарк кунанд.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз сокинон дар Ал-Ҳасака аз вуруди нерӯҳои ДОИШ ба хонаҳошон ва куштани ғайринизомиён хабар додаанд. Бархе низ гуфтаанд, ки ғайринизомиён ба обу нон дар ин минтақа дастрасӣ надоранд.

Бо вуҷуди эълони расмии шикасти ДОИШ дар соли 2017 аз сӯи Ироқ, бархе дастаҳои ин гурӯҳ ҳамчунон дар бархе аз минтақаҳои Ироқу Сурия фаъол ҳастанд.

Ба гуфтаи коршиносон, талош барои фирор додани ин ҷангҷӯён аз зиндони Ал-Хасака метавонад марҳилаи нав дар эҳёи дубораи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия бошад.

XS
SM
MD
LG