Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: Эҳтимол дорад Амрико дипломатҳояшро аз Украина берун барорад


Эҳтимол дорад, ки Амрико ин ҳафта ба далели таҳдиди ҳуҷуми Русия ба Украина берун бурдани як қисми кормандони сафорати худ дар шаҳри Киевро оғоз кунад. Дар ин бора телевизиони амрикоии CNN хабар додааст. Вале сафорати ИМА дар Украина то ҳол хабарро шарҳ надодааст.

Ба иттилои манбаи телевизион, сафорат аллакай аз Департаменти давлатии Амрико барои бурунрафти хонаводаи дипломатҳо ва кормандони дувумдараҷаи худ дархости иҷозат кардааст.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский берунории эҳтимолии дипломатҳои амрикоиро баррасӣ кардааст.

Пештар New York Times хабар дода буд, ки Русия аввали моҳ хонаводаи дипломатҳои худро аз Украина берун баровард.

XS
SM
MD
LG