Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадали Русия ва Бритониё дар бораи қудрат дар Киев


Вазорати корҳои хориҷии Русия иддаои Бритониёро рад кардааст, ки гуё Лондон аз барномаи Маскав барои овардани режими тарафдори Русия дар Украина огоҳӣ дорад.

Вазорати умури хориҷии Бритониё рӯзи 22-юми январ иддао кард, ки Кремлин кӯшиш дорад, режими вобаста ба Маскавро дар Украина ба қудрат расонад.

Ба гуфтаи Лондон, афсарони амниятии Русия дар ин маврид бо шуморе аз сиёсатмадорони пешини Украина дар тамос шудаанд. Вазорати корҳои хориҷии Бритониё барои исботи иддаояш санаде пешниҳод накард.

Мақомоти Русия бо радди ин иддаои Бритониё гуфтаанд, ки набояд ин гуна маълумоти нодуруст нашр шавад.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури хориҷии Русия, маълумоти нашршуда нишон медиҳад, ки Бритониё ба унвони узви НАТО ба буҳрони Украина доман мезанад.

Русия пеш аз ин аз Амрико хоста буд, ки кафолат бидиҳад, ки барои Украина дар НАТО узвият дода намешавад, аммо Вашингтон ин дархостро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG