Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия намедонад, бо ҷасадҳои ДОИШ-иён чӣ кор кунад


Либия нафти зиёде дорад, вале зербунёдҳояш хароб шудаанд

Cадҳо ҷасад ҷангҷӯёни гуруҳи ДОИШ, ки солҳо пеш дар ҷанг кушта шудаанд, дар яхдонҳои сабзавот дар хориҷ аз як шаҳри Либия нигаҳ дошта мешаванд ва мақомот ҳам намедонанд, ки бо онҳо чӣ кор кунанд.

Ин вазъро хабарнигори Ройтерс, аломати торики дигаре аз бесарусомонӣ ва интихоботи ноком дар Либия номидааст. Садҳо ҷасадро дар гӯшаи як қароргоҳи гардзада дар ҷанубушарқи Мисрата шаҳри Мисрата нигаҳ медоранд ва ҳеч касе ҳам намедонад, ки онҳоро чӣ гуна ва дар куҷо бояд дафн кунанд. Дар ин яхдонҳо 742 ҷасадеро нигаҳ медоранд, ки ҳукумати эътирофшуда аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ дар Либия соли 2016 аз майдонҳои ҷанг ва гӯрҳои парокандаи инҷову онҷо ҷамъ кардааст.

Аз он замон муноқиша дар Либия идома дорад, ҷабҳаҳо тағйир ёфтаанд, ҳукуматҳо дигар шуданду, буҳрони молӣ омаду рафт. Дар ин миён ҷасадҳо ба пӯсидан шуруъ кардаанд, чун неруи барқи доимӣ нест ва яхдонҳо низ гоҳ-гоҳ аз кор мемонанд.

Хабарнигорони Ройтерс менависанд, қароргоҳ, ки воҳиди пулис мудирият мекунад ва атрофаш девор кашида шудааст, бӯи ҷасад мекунад. Салоҳ Аҳмад аз воҳиди пулис гуфтааст: “Қатъи неруи барқ барои муддати тӯлонӣ вазъро бадтар ва бӯйро ғализтар мекунад.”

Ҷасадҳоро барои он ҷамъ оварда буданд, ки аввал ҳуввияташонро маълум ва сипас дафн кунанд, вале ҳатто онҳоеро, ки ҳуввияташон маълум шудааст, на кишварашон бозпас гирифтаанд ва на хешовандонашон. Масъулият ҳам ба дӯши ҳукумати Либия мондааст, ки намедонад, чӣ гуна аз онҳо “халос” шавад.

Як нақша доштаанд, ки онҳоро дар як гӯшаи шаҳри Сирте дафн кунанд, ки ДОИШ онро соли 2015 гирифт ва як сол боз дар даст дошт, аммо нақша амалӣ нашуд. Нақшаи дигар дафни ин ҷасадҳо дар гӯристоне буд, ки муҳоҷиронеро гӯр мекунанд, ки ҳангоми сафар аз Либия ба Аврупо дар баҳр ғарқ ва ҳалок шудаанд. Ин нақша ҳам иҷро нашуд, зеро дар оромгоҳ ҷойи кофӣ барои ин ҷасадҳо набудааст.

Пулиси мутассадии посбони қароргоҳу ҷасадҳо мегӯяд, ки ҳукумати муваққати Либия ҳоло барои дафн пул ихтисос додааст, то ҷасадҳо ҳарчӣ зудтар зери хок карда шаванд, аммо на ҷойи дафнро мушаххас кардаанду на замони дафнро. Ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Либия ба дархости Ройтер дар бораи шарҳи ин қазия посух надодааст.

Либия баъди соли 2011 баъди суқути ҳукумати Муаммар Қаззофӣ, раҳбари кишвар аз ҳам пошид ва гуруҳҳои пирӯз дар ин ошӯб барои ба даст овардани мақомҳои сердаромад дар ҳукумат аз гиребони ҳам гирифтанд. Дар миёни ин бесарусомонӣ ва Баҳори Араб дар дигар кишварҳо, тарафдорони гуруҳи Давлати Исломӣ сар баланд карданд ва аз ҷумла шаҳри Сирте зодгоҳи Қаззофиро гирифтанд.

Садҳо нафар ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳам ба Либия омаданду ба сафи ДОИШ пайвастанд. Охири соли 2016 гуруҳҳои тарафдори давлат, шаҳри Сиртеро аз дасти ДОИШ гирифтанд ва ҷасадҳои ҷангҷӯёнеро пайдо карданд, ҳамроҳонашон зери регу хоки тунуке гузошта гурехтаанд.

Бо истифода аз санаду аксҳо ва суҳбат бо ҷангҷӯён мақомот ҳуввияти 50 ҷасадро мушаххас кардаанд, ки аксаран ё аз кишварҳои арабӣ ва ё африқоӣ будаанд. Санади як зани бритониёӣ ва як кӯдаки фаронсавиро ҳам ёфтаанд.

Ҳоло маъмурони пулис, ки ҷасадҳоро посбонӣ мекунанд, мегӯянд, ки умедворанд, ҳукумати нав роҳи ҳалли масъаларо зуд меёбад. Аз байни 10 яхдон 4 кор намекунад ва агар яке дигар ҳам аз кор монд, бояд ҷасадҳоро ба дигараш андозанд. Бо вуҷуди онки Либия нафти зиёде дорад ва мефурӯшад, бесарусомонӣ, зербунёдҳо, аз ҷумлаи шабакаҳои барқиро хароб кардааст. Салоҳ Аҳмад мегӯяд, “нигаҳ доштани ҷасадҳо дар яхдон гарон ва афсурдакунанда аст.”

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG