Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи биологҳои тоҷик дар макони бунёди нерӯгоҳи Роғун


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Донишмандони тоҷик барои ҳифзи олами наботот, манотиқеро таҳқиқу муайян кардаанд, ки дар оянда ба сабаби сохтмони нерӯгоҳи Роғун зери об мемонанд.

Бино ба гузориши расмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон соли 2021 биологҳои тоҷик маълум кардаанд, ки дар манотиқе, ки дар оянда ба тадриҷ зери об мемонад, бештар аз 1140 навъ рустанӣ, ки ба 83 хонавода ва 423 авлоди рустанӣ тааллуқ доранд, вуҷуд доранд ва месабзанд. Дар байни онҳо ба гуфтаи донишмандони тоҷик 24 навъи рустаниҳое ҳастанд, ки ба “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда шудаанд.

Биологҳои кишвар ҳангоми омӯзиши минтақа бо ҳадафи ҳифзи олами набототи онҷо зиёда аз 100 намунаи тухмии рустаниҳои нодиру бумӣ ва ё таҳҷоӣ ва дар маърази хатари нобудиро ҷамъоварӣ оварда, дар Боғи ботаникии шаҳри Кулоб кишт кардаанд.

Неругоҳи Роғун дар ҷануби Тоҷикистон дар сурати такмили сохтмонаш бузургтарин неругоҳ бо бузургтарин обанбор дар қаламрави Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Мақомот мегӯянд, пажуҳишҳои байналмилалӣ нишон додаанд, ки бунёди неругоҳ ба табиат ва муҳити зисти минтақа таъсири манфӣ намерасонад.

XS
SM
MD
LG