Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ҳукумати Толибон: "Моро эътироф кунед"


Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи мақоми нахуствазири "Толибон"
Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи мақоми нахуствазири "Толибон"

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати Толибон дар Афғонистон аз ҳукуматҳои ҷаҳон хост, ки "аморати исломӣ"-и онҳоро ба расмият бишиносанд.

Ин гуруҳ дар моҳи августи соли 2021, баъди аз Афғонистон рафтани нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико назорат бар аксар қаламравҳои кишвари ҷангзадаро ба уҳда гирифт.

Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки ҳаммуассиси “Толибон” мебошад, рӯзи 19-уми январ дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт: “Аз ҳама ҳукуматҳо, бахусус кишварҳои исломӣ, тақозо мекунам, ки бояд аз пайи эътироф шаванд”.

Ӯ афзуд, ин гурӯҳи тундрави исломӣ тамоми шартҳои заруриро барои истиқрори сулҳу амният иҷро кардааст. Мулло Охунд инчунин даъват кард, ки дороиҳои бандмондаи Афғонистон дар хориҷа аз таҳрим озод шуда, ба ин кишваре, ки миллионҳо сокинаш бо буҳрони башарӣ дучор ҳастанд, ёрӣ дода шавад.

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо ахиран гуфт, тарҳеро бо арзиши 268 мллион евро барои мадад ба мардуми Афғонистон рӯи даст гирифт.

Аз замони ба қудрат расидани “Толибон” ҳанӯз ҳукумати онҳо эътироф нашудааст. Бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ бо “Толибон” гуфтугӯҳои дипломатиро ба роҳ мондаанд, вале Тоҷикистон хоҳони ташкили ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи вижаи тоҷикон ва қавмҳои дигар дар Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG