Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари СҶТ: “Пандемия тамом нашудааст”


Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфт, пандемияи COVID-19 ҳанӯз тамом нашудааст ва навъи Омикрони коронавирус боиси афзоиши ҳолатҳои сироятшавӣ мешавад. Тедрос Аданом Гебреусус дар як изҳороташ рӯзи 18-уми январ аз бархе хусусиятҳои Омикрон ёдовар шуд ва гуфт, бо андешаи ин ки ин навъи коронавирус хатари камтар ва нишонаҳои сабуктар дорад, хотирҷамъ шуд. Ӯ гуфт, “Омикрон метавонад чандон сангин набошад, вале дар умум, гуфтани ин ки ин як бемории сабук аст, фикри гумроҳкунанда мебошад”. Раҳбари СҶТ гуфт, “лутфан ба хато роҳ надиҳед: Омикрон боиси бистаришавиву марги инсонҳо ҳам мешавад ва ҳатто бо шаклҳои сабуктар ба беморхонаҳо бистарӣ мешаванд”. Ҳоло ба иттилои СҶТ, ҳамин навъи коронавирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар бораи вуҷуди навъи Омикрон иттилое дар даст нест, вале ба шикояти бисёриҳо, дар ҳафтаҳои охир ҳолатҳои гирифторӣ ба сирояти монанд ба коронавирус зиёд мешавад ва бархе тахмин мекунанд, ки эҳтимолан ин ҳамон навъи Омикрон мебошад. Дар бораи ба кишварҳои онҳо роҳ ёфтани ин навъи коронавирус аллакай кишварҳои ҳамсояи мисли Қирғизистону Узбекистон хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG