Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан "то ҳол бедарак аст"


Махамбет Абжан

Рӯзноманигор Махамбет Абжан, ки дар авҷи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон бедарак гашта буд, то ҳол пайдо нашудааст. Наздикони рӯзноманигор мегӯянд, ӯ аз 6-уми январи имсол ба ин сӯ беному нишон гаштааст.

"Вакили дифоъ ба Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон муроҷиат кард. Дар онҷо гуфтанд, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд. Мо мехоҳем, дар ин бора расман посух диҳанд. Қадамҳои минбаъдаи мо низ аз он чи дар посух гуфта мешавад, вобастааст," - изҳор дошт ҳамсари рӯзноманигор Гулзира Дуйсембоева.

Ба гуфтаи Дуйсембоева, як рӯз пеш аз бедаракшавии шавҳараш кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хонаи онҳо омада, талаб карданд, ки дарро кушоянд. Рӯзноманигор дарро накушодааст. Кормандони пулис гуфтаанд, ҳамсояҳо шикоят кардаанд, ки гуё аз хонаи рӯзноманигор сарусадои баланд шунида мешавад.

Абжан эътирозҳои оммавии 4-уми январ дар пойтахти Қазоқистонро бозтоб медод ва субҳи 6-уми январ аз хона берун шуда, то ҳол бедарак аст. Номи ӯ дар рӯйхати расмии бедаракшудаҳо дида намешавад. Пулис 12-уми январ гуфтааст, ки рӯзноманигорро дастгир накардаанд.

XS
SM
MD
LG