Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар як зиндон, вале ҷудо ҳастанд." Раҳоии Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ аз ШИЗО


Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб

Ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро пас аз ду моҳ аз ҳуҷраи ҷаримавӣ (ШИЗО)-и маҳбаси шаҳри Ваҳдат озод кардаанд.

Раҳматуллои Раҷаб ва Зубайдуллои Розиқ моҳи ноябри соли гузашта бо гуноҳи навиштани нома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва тақозои бозбинии парвандаашон муҷозот шуданд.

Пайвандонашон рафтори мақомотро барқасдона донистанд, вале Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия вайрон кардани тартибу низом дар зиндон номид.

Ба қавли Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, шавҳараш дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, рӯзи 9-уми январи имсол аз ШИЗО раҳо шуданд.

Ӯ 12-уми январ ба нақл аз шавҳараш гуфт: "Ҳардуро озод карда, вале ба утоқҳои алоҳида бурдаанд, то ҳамдигарро набинанду суҳбат накунанд. Ҳоло дар утоқҳои гуногуни зиндон ҳастанд."

Масъулони зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд.

Ду узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар аввали моҳи ноябри соли 2021 аз раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои бозбинии парвандаашон "дар ҳузури коршиносону нозирони байнулмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ" мусоидат кунад. Ин нома аввал дар расонаҳои наздик ба мухолифин дар Аврупо нашр шуд.

Зубайдуллои Розиқ ва Раҳматуллои Раҷаб дар ин нома худро "гунаҳкорон"-и бегуноҳ хонда, навиштаанд, ки шаш сол боз паси панҷараҳои зиндон азият мекашанд. "Бар замми ин, бо тамғаҳои экстремисту террорист, хоинони миллату ватан таъна мешавем", -- гуфтаанд онҳо.

Зубайдуллои Розиқ ба 25 сол ва Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот онҳоро ба ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, дар моҳи сентябри соли 2015 гунаҳкор карданд.

Худи онҳо дар нома ба президент гуфтаанд, "ин ки моро дар исёни “Ҳоҷӣ-Ҳалим” ташаббускор медонанд, бофтаву сохтаи доираҳои манфиатдор аст. Шумо, Ҷаноби Олӣ, хубтар медонед, ки маншаи исён аз куҷост ва ба чӣ хотир роҳандозӣ шуда буд."

Мақомоти Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро дар ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015, ки онро ошӯб меноманд, гунаҳкор карда, то кунун даҳҳо узв ва фаъолонашро боздошту зиндонӣ намудаанд.

Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун кардани "дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор" медонанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG